Маълумоти охирин
Главная / Илм / Асари «Абдуллохнома»

Асари «Абдуллохнома»

«Абдуллохнома» асари таъ­рихи. Бо номхои «Шарафномаи шохи», «Зафарнома» низ машхур буда, таълифи Хофизи Таниш аст. Вокеахои давраи Абдуллоххони II (1534 – 1598)- ро дар бар мегирад, ки бо супориши махсуси худи у таълиф ёфтааст. Ба забони точики навишта шудааст. Ки­тоб бояд аз мукаддима, ду макола – фасл ва хотима иборат мебуд, вале хотимаи китоб то ба мо нарасида­ аст.

Истилои мугулхо, ташкил ёфтани давлати Абдуллоххон ва шачараи Шайбониён дар кисми мукаддимавии китоб тасвир ёфтааст. Маколаи якум вокеахои аз рузи таваллуди Аб­дуллоххон то ба тахт нишастани уро инъикос менамояд. Ин чо аз хусуси чангхои хон алайхи Навруз Ахмадхон ва Абдуллатифхон (1510), Бухороро забт кардани Абдуллоххон (1570), хони томи узбекхо эълон шудани Искандархон (1561), муборизаи у бо шохзодагони саркаш, ба аморати Бухоро тобеъ намудани Балх (1573), Самарканд (1578) ва гайра сухан меравад.

Маколаи дуюм дар бораи ходисахои баъди ба тахт нишастани Абдуллоххон аст. Дар ин кисми китоби «Абдуллохнома» сухан дар хусуси забти Бадахшон, Хуросон, Гелон ва Хоразм, тезу тунд шудани муносибати у бо писараш Абдулмуъмин маълумот зиёданд. Дар бораи хусусиятхои этникии халкхои Осиёи Миёна ва урфу одати онхо маълумоти гаронбахо дода шу­дааст.

Бахши «Хотима»-и китоб дар зикри холу ахволи машоихи тарикат, уламои дини, умаро. шоирони муосири муаллиф ва васфи бинохои таърихии давраи хукумати Абдуллоххон аст. Хофизи Таниш дар навиштани «Абдуллохнома» аз асархои таърихии Наршахи, Рашидуддин, Чувайни, Мирхонд, Алии Язди, Кошифи, Мирзо Хайдар ва дигарон истифода кардааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …