Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абубакр Рабеъ ибни Ахмади Ахавайнии Бухори

Абубакр Рабеъ ибни Ахмади Ахавайнии Бухори

АБУБАКР РАБЕЪ ибни Ахмади Ахавайнии Бухори (соли таваллуд номаълум – вафот тахминан 983/984), табиб. Кунияи уро «Абубакр», «Абухаким» зикр кардаанд. Бо номхои Ахави, Ахавайн, Ачавайни низ шухрат ёфтааст. Рочеъ ба рузгори Абубакр Рабеъ ахбори сахехе дар даст нест. Аз матни асараш «Хидоят- ул-мутааллимин фй-т-тиб» бармеояд, ки Абубакр Рабеъ аз пизишкони маъруфи асри хеш буда, тамоми умр ба табобат машгул будааст.

Абубакр Рабеъ дар муоличаи молихулиё дасти тамом дошта, ба унвони «пизишки девонагон» низ шинохта шудааст. Тибки шаходате, ки аз асари номбурда бармеояд, маълум мегардад, ки Абубакр Рабеъ аз ахли Бухоро будааст. Маъруфтарин асари Абубакр Рабеъ «Хидоят-ул-мутааллимин фй-т-тиб» буда, муаллиф дар он аз тачрибахои беш аз 30-солаи худ ёд кардааст.

Абубакр Рабеъ дар ин китоб борхо ба навъи бемори ва номи беморони тахти дармони худ ишора мекунад. Абубакр Рабеъ дар таълифи асари мазкур аз тачрибахои бузургоне ба монанди Мухаммад Закариёи Рози, Собит ибни Курра, Яхё ибни Мосуя, Чолинус, Букрот ва дигар бахра бурдааст.Ба кавли Низомии Арузии Самаркандй ва диг. уламои муътабар, «Хидоят-ул-мутааллимин фй-т-тиб», ки бо номи «Китоби хидоя» шухрат ёфтааст, аз чумлаи китобхои дарсии мутадовил дар асрхои миёна махсуб мешудааст.

Адабиёт:       Ахавайнии Бухори, Рабеь. Хидоят-ул-мутааллимин. Ба кушиши Чалоли Матини, Машхад, 1344; Доират-ул-маорифи бузурги исломи, чилди 7. Тошкент, 1377; Мероси Оли Сомон, X, 200); Низомии Арузи, Чахор макола. Ба кушиши Мухаммад Казвини ва Мухаммад Муин, Тошкент, 1333.          Н. Салимов,

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.