Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдусаломов Ислом Абдурахмонович

Абдусаломов Ислом Абдурахмонович

АБДУСАЛОМОВ Ислом Абдурахмонович (таваллуд 13.2.1929, Самарканд), парандашинос, доктори илмхои био­логия (1972), профессор (1983), академики Академияи Илмхои Чумхурии Точикистон (1997), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Точикистон (1996).

Ислом АбдусаломовХатмкардаи факултети биологияю хокшиносии Университети давлатии Узбекистон (1950). Ассистента кафедраи зоологияи мухрадорони факултети биологияи хамин донишгох дар шахри Самарканд (1950-54), аспирант (1954-63), чонишини директор (1963 – 67), директор (1967 – 72 ва 1986 – 92)-и Институти зооло­гия ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи Илмхои Чумхурии Точикистон. Аз соли 1992 директори фахрии хамин институт. Абдусаломов мутахассиси варзидаи сохаи зооло­гия, орнитология, мухофизати олами хайвонот ва захирахои табии ме­бошад. Оид ба фауна ва экологияи парандахои водии Зарафшон, Помир, Бадахшон, Точикистони Маркази ва Чануби маводи сершумор ба даст овардааст.

Яке аз самтхои асосии пажухишхои Абдусаломов кучи парандагон мебошад. У мукаррар намуд, ки рохи парандахои кучи ба То­ники стон ду самта асосиро ба хам алокаманд месозад: 1) минтакаи Си­бири Гарби – Африкаи Марказию Шарки, нимчазираи Арабистон; 2) мамолики Осиёи Чануби – Хиндустон, По­кистон, Афгонистон. Бо ташаббус ва иштароки бевоситаи Абдусаломов «Китоби сурхи Точикистон» (1988, 1997) ба табъ расидааст, ки 226 намуди растанихои камёфт, 58 намуди хайвоноти бемухра ва 104 намуди чонварони мухрадорро дар бар мегирад. Зери рохбарии Абдусаломов солхои 1958 – 62 Экспедитсияи зооло­гии Зарафшон ташкил карда шуд, ки дар тахкики олами хайвоноти води сахми назаррас гузошт. Сахми Абдусаломов дар кори васеъ намудани ареали холгул низ арзанда аст. Соли 1961 бо ташаббуси у аз мамнуъгохи «Полвонтугай» ба мамнуъгохи «Ромит» 12 cap оху бурданд, ки феълан саршумори онхо хеле афзудааст.

Абдусаломов исбот кард, ки хол­гул дар баландихои 1100 – 2300 метр аз сатхи бахр низ метавонад зиндаги кунад. Як силсила тадкикоти Абдусаломов ба парваришу зиёд намудани кубро ва гурза дар шароити гайритабии бахшида шудаанд. Натичахои тадкикот ба­рои истехсоли захри ин морхо зами­наи мусоид фарохам меорад. Абдусаломов асосгузори орнитологиям авиатсиони дар Точикистон мебошад. Бо тавсияи у дар фурудгоххои байналхалкии Ду­шанбе ва Хучанд умури орнитологи ташкил карда шудааст, ки бархурди парандагонро бо тайёрахо пешгири мекунад. Абдусаломов муаллифи 350 асари илми, аз чумла 7 монография аст. Дар бисёр конференсияхои байналмилали (Гаа­га, Париж, Мюнхен ва гайра) иштирок ва маъруза намудааст. Зери рохбарии у 2 нафар рисолаи доктори ва 16 нафар рисолаи номзади илмро химоя кардаанд. Бо ордени Шараф (дарачаи I) ва медалхо сарфароз гаштааст.

Основание: Птицы долины озера Ранг-Куль на Па­мире, Душанбе, 1961; Птицы горного Зеравшана. Душанбе.,1964; Фауна Таджикской Советской Социалистичкеской Республики. Птицы, том 19, часть I – 3, Душанбе. 1971 – 73 – 77.       А. Саидов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.