Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуррахмони III

Абдуррахмони III

Абдуррахмони III (891 – 961), амир (912) ва баъд халифаи Куртуба аз соли 929. Ба Абдуррахмони III лакаби «Голиб» (ан-Носир) гузошта буданд. Аморатро, ки аз тарафи собикадоронаш суст ва пароканда шуда буд, баркарор кард.

Соли 931 Сеута, 932 Толедоро забт намуд. Аз соли 955 Леон ва Навар­ра ба Абдуррахмони  III хироч месупориданд. Бо Византия ва императори «Империяи Рими мукаддас» Отгони I муносиботи дипломати дошт. Гвардияи устувору пуркуввате аз хайати гуломони европои ташкил дод, ки онхоро «сакалиба» меномиданд.

Флоти пуриктидортарин дар Бахри Миёназамин таъсис дода, сохтмонро низ хуб ба рох монд. Замони Абдуррахмони III кароргохи берун аз шахри бо номи «Захра» сохта шуд, сохтмони масчиди Кордова огоз гардид. Хокимияти Абдуррахмони III, куллаи баландтарини хокимияти Умавиёни Куртуба хисоб меёбад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …