Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдумамадов Султонмахмуд

Абдумамадов Султонмахмуд

Абдумамадов Султонмахмуд (таваллудаш 1934, дехаи Рошткалъаи нохияи Рошткалъа), сароянда, Хофизи халкии РСС Точикистон (1986). Солхои 1956 – 1962 солисти Ансамбли тарона ва ракси Помир, 1962 – 1965 рохбари бадеии хонаи маданияти нохияи Шугнон, 1966 – 1994 артисти Театри мазхакаи мусикии вилоятии шашри Хоруг буд.

Овози форам ва истеъдоди хуби сарояндаги ба Абдумамадов имкон доданд, ки ба дарачаи санъаткори касби расад. Баробари суруду таронахои халки аз ашъори шоирони классик ва муосири точик як силсила сурудхои маргуб сароидааст. «Дустон -базми висол аст», «Эй пари», «Сокиё бархез», «Сахар булбул», «Таскин», «Майсавор», «Талкини хусн», «Гулчин аз фолклори Бадахшон», «Мафтуни чашмат» ва гайра аз чумлаи бехтарин сурудхои ичрокардаи Абдумамадов мебошанд.

Дар хайати Ансамбли тарона ва ракси Помир ба аксар чамохири собик Иттиходи Шурави сафари хунари намуда, мусикии миллии точикро муаррифи кар­дааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …