Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулов Карим

Абдулов Карим

Абдулов Карим (таваллудаш  26. 02. 1939, дехаи Сурхкати нохияи Кухистони Мастчох – 5. 12. 2010, Хучанд) иктисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), про­фессор (1991). Корманди шоистаи То­чикистон       (1997). Техникуми молияи Сталин обод (1958) ва УДТ-ро (1964) хатм кардааст, солхои 1964 – 1967 котиби ташкилоти ком­сомолии хамин донишгох,  1968 – 1973 сарвари гурухи лекторхо, 1973 – 1985 мудири шуъбаи ташвикоти Комитети Хизби коммунистии вилояти Сугд, 1985 – 1989 чонишини мудири шуъбаи Комитети Марказии Хизби коммуни­стии Точикистон, 1989 – 1990 дотсент, докторант ва профессори УДТ.

Солхои 1991- 1992 мудири котиботи Дастгохи ичроияи Президенти Точикистон, 1992- 1994 мудири кафедраи фанхои чомеашиноси ва ноиб-ректори сохаи маънавиёти Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон. Аз соли 1997 сармутахассиси Маркази тахлил ва иттилооти Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд, узви Шурои диссертатсионии Донишгохи давлатии Хучанд ба номи Б. Гафуров, раиси чамъияти «Дониш» ва чонишини Раиси шурои Харакати вахдати миллии вилояти Сугд, узви шурои мар­казии Хдракати вахдати миллии Точикистон, Шахрванди фахрии шахри Хучанд, сардабири хафтавори «Анвори дониш». Абдулов олими пурмахсул буда, дар давоми фаъолияти илмию эчодиаш 110 китоб таълиф ва нашр кардааст. Аксари китобхои у ба таърихи Точикистон бахшида шуда­анд ва арзиши баланди илми доранд.

Чилди 12-и «Дар ин дунё»-и Абдулов соли 2007 дар Намоиши байналхалкии китоб дар шахри Москва сазовори Дипломи дарачаи I гардид. Китобхои «Сиёсатномаи асри 21» ва чилди 12-и «Дар ин дунё» дар Китобхонаи Конгресси ШМА низ махфузанд. Бо ордени «Нишони Фахри», медалхо, чоизахои ба номи академик Б. Гафуров, А. Баховаддинов, Иттифоки журналистони Точикистон ба номи А. Лохути сарфароз гардидааст.

Ос.: Лоики миллат, X., 1999; Бахти таърихи, Д., 2001; Сиёсатномаи асри 21, X., 2001 – 2002; Давроии сарнавиштсоз, Д., 2004. Дар ин дунё (иборат аз 18 чилд, 17 чилд нашр шуда), X., 1994 – 2008; Аркони миллат, Д., 2007; Рохи бехбуд, X., 2009.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …