Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллохи Махнаи

Абдуллохи Махнаи

Абдуллохи Махнаи (с.оли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири точик (асри 16). Пас аз касби камол ба доираи адабии шахри Хирот ворид гардид ва хамон чо ба кори эчоди машгул буд.

Аз завку табъи баландаш дар шеъру шоирй тазкиранигорон Навой («Мацолисун-нафоис») ва Нисори («Музаккирул-ахбоб») дарак додаанд. Абдуллохи Махнаи дар сурудани газал мохир будааст. Аз девонаш иттилое дар даст нест. Дар тазкирахо ва баёзхо намунахои шеъраш дарч гардидаанд. Ин абёт аз уст:

Хеч шаб нест, ки аз хачри туам мотам нест,

Бе ту рузи мани мотамзада аз шаб кам нест.

Махраме нест, ки гуяд сухани май бо у,

Он ки гуяд сухани ман бари у махрам нест.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …