Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоххон

Абдуллоххон

Абдуллоххон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), яке аз хонхои шайбони, аз ашрофзодагони мугул, сипахсолор ва хокими мустакил дар Мовароуннахр (асри 16). Модараш Оиша Бегим яке аз духтароии Хусайн Бойкаро буд. Аз соли 1530 Абдуллоххон ба унвони сипахсолор дар хидмати сипохи Бобур будааст. Бобур дар китоби худ «Бобурнома» аз у ёд кардааст.

Абдуллоххон дар юришхо ва чангхои Бобур ва сипахсолори темури Косим Хусайн султон дар Хинд фаъолона ширкат доштааст. Баъд аз марги Бо­бур Абдуллоххон ба хидмати Хумоюн пайваст ва дар юришхо ва чангхои у алайхи мулуки Панчоб ва вилоёти дигари Хиндустон ширкат намуд. Абдуллоххон бо духтари Косим Барлос (султони казок аз хонадони Чучи) издивоч намуд.

Вай дар баркарории кукумати Хумоюн, бахусус дар чанги у бар зидди Сур Афгон накши муассире дошт. Абдуллоххон дар мухимтарин юришхои Акбаршох низ ширкати мустаким дошт (чунончи, дар набарди маъруфи Пани- пат, соли 1556) ва баъд аз ин аз тарафи шох бо лакаби волои «Шучоатхои» сарфароз гардид. Абдуллоххон хамчунин дар юришхои Акбаршох алайхи Хок Замон (Аликулии Узбек), ки хокими Чанпур буд, ширкат варзид.

Ад.; Бобур М., Бобурномп, Тошкамд. 1965: Гулбаданбегим, Хумоюниома, Тошкаид, 1965.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …