Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоххон ибни Искандар

Абдуллоххон ибни Искандар

Абдуллоххон ибни Искандар (1532/1533, Офаринкенти Миёнколи Зарафшон – 8. 2. 1598, Самарканд), маъруфтарин хукмфармо аз сулолаи Шайбониён. Падараш Искандархон, бобояш Чонибек, бобокалонаш Хона Мухаммад ибни Абулхайрхон. Аввал дар Кармина буд, хамлаи хокими Тошканд Навруз Ахмадхон ва Абдуллатифро рафъ карда, падарашро, ки ба чониби Амударё фирор карда буд, дубора ба вилояти Кармина баргардонд. Баъдтар Каршиву Шахрисабз ва вилояти Бухороро ба даст даровард.

Лекин аз дасти душманон соли 1555 ба Маймана фирор карда, баъд аз фавти душмани кудратмандаш Навруз Ахмадхон (октябри 1556) аз нав Карминаву Шахрисабз ва Бухороро тасарруф намуд (1557). Бухоро аз ин баъд то замони забт аз тарафи русхо (асри 19) маркази асосии сиёси ва фарханги дар Мовароуннахр шуд. Хукуматро Абдуллоххон ба таври расми (баъд аз марги пада­раш) аз соли 1583 ба даст гирифт. Соли 1570 Тирмиз, 1573 Балх, 1574 Хисор, Уротеппаву Хучанд, 1578 Самарканд, 1582 – 1583 Тошканд, Андичон ва дигар вилятхои водии Фаргонаро низ ба тобеияти худ даровард.

Соли 1582 зидди кабоили казок лашкар кашида Шохрухия, Сайрам ва Охангаронро ба тасарруфи худ даровард. Бадахшон, Хатлон, Кундуз (1584) ва Хуросону Гелон ва баъди мухосираи мадид Хиротро (1588) низ ба худ тобеъ намуд. Дар замони Абдуллоххон хонигарии Бу­хоро аз худуди Кошгар (дар Шарк) то Туркистону Сайрам (дар Шимол), то бахшхои шаркии Хуросон (дар Чануб) имтидод пайдо кард. Зиндагии баъдии Абдуллоххон пур аз чанчол бо писараш Абдулмуъмин (аз охири 1582) буд. Хон хокими Балх буд ва даъво дошт хокими вокеи гардад.

Абдуллоххон ба хеч вачх намехост бар нафъи писари худ гузаште кунад. Аквоми сахрогарди узбек бо истифода аз зиддияти падару писар, пайваста ба Тошканду Самарканд хамла мекарданд. Абдуллоххон ба­рои химояи сархадоти моликияташ бо сипохи азим ба чониби Самарканд равон шуд, вале дар рох фавтид (8 феврали 1598).

Писараш Абдулмуъмин низ баъд аз ним соли марги падараш куш­та шуд. Дар ахди у дар Бухоро ва вилоёти дигар роххо, пулхо, сардобахо, корвонсаройхо, мадрасахо, тимхои тичорат, бозорхо, хаммомхо сохта шуданд. Мадрасаи Абдуллофсон (дар Бухоро), Мадрасаи Кукалтош (дар Тошканд), Тими Абдуллоххон (дар Бухоро), Пули Кармина низ ба замони Абдуллоххон тааллук доранд. Дар замо­ни у хамчунин зарби сиккахои тилло шуруъ гардид.

Ад.: Хофиз Таниш ибн Мирмухаммад Бухорий, Абдулланома, Шарафномаи шохин. 1-11 жилд, Тошкент, 1966 – 1969; Бар­тольд В. В., Абдулла б. Искандер II Бар­тольд В. В., Сочинения, т. II, ч. 2, М., 1964; Гафуров Б. Р., Точнкон, кит. 2, Д., 1985; Хамза К а м о л, Политическая история Мавераннахра XVI, Д., 2007.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …