ЯСПЕРС (Jaspers) Карл (23. 2. 1883, Ольденбург —26. 2. 1969, Базель), файласуфи немис (РФГ), ва намояндаи асосии экзистенциализми дини; психиатр. Дар ун-тхои Берлин, Геттинсен ва Гейдельберг (1902 —08) маълумоти тибби гирифтааст. Аз 1908 ассистенти клиникаи психиатри дар Гейдельберг, аз 1916 проф. психология, аз 1921 проф-и фалсафаи Ун-ти Гейдельберг (1937 аз кори таълими дур карда шуд ва 1945 боз ба он шуруъ намуд); аз 1948—дар Ун-ти Базель.
Баъди торумори фашизм Я. байни зиёиёни либералии РФГ шухрати зиёд пайдо кард, дар як катор асархои оммавиаш хамчун воизи сиёси баромад намуд. С-хои 50 либерализми консервативии Я. хусусияти зиддикоммунисти дошт, вале ох. с-хои 60 тамоюлхои зиддидемократи ва реваншистиро дар хаёти сиёсии Бонн танкид кард.
Я. вазифаи асосии фалсафаро дар кушодани «муаммои хасти» медид. Инсон, ба акидаи у, таносуби экзистенция (холати гайриобъективии инсон) ва трансценденцияро дар холатхои махсус (гаму андух, мубориза, марг) дарк мекунад. Ба акидаи Я. маънои фалсафа мукаррар кардани «иртиботи» умумиинсони дар хамаи доирахои маданист. Умуман фалсафаи Я. ифодаи бухрони гуманизми анъанавии либералию фарди ва дар айни замон кушиши идроки ин бухрон, набудани имконияти рахои аз он мебошад.