Маълумоти охирин

ЯПОНИЯ

ЯПОНИЯ (япони Ниппон, Нихон), давлатест дар Осиёи Шарки, асосан дар чаз-хои Япония, ки аз шим. шарк ба чан. гарб ба масохати беш аз 3000 км тул кашидаанд, ба воситаи б-хои Япония ва Шаркии Хитой аз материк чудо аст; аз шарк ва чан. шарк, бо ук. Ором ва б. Охота ихота шудааст. Кариб 4 хаз. чазира (калонтаринашон: Хоккайдо, Хонсю, Сикоку, Кюсю—чаз-хои Япония) ва галаназ. Рюкюро дар бар мегирад. Масох. 372,2 чаз. км2. Ахолиаш 121 млн наф. (1985), японхо зиёда аз 99%, ахолии шахри 75%. Забони расми — япони. Дини хукмрон — буддоия ва синтоия. Пойтахташ ш. Токио. Япония давлати мутлакан конституционист; органи олии конунбарор — парламенти дупалатаги. Ба 46 префектура ва губернатори такксим шудааст.

yaponiya

Рельефаш асосан кухи. Вулконхои бисьёре дорад, аз чумла Фудзияма (баландтарин нуктаи Я.—3776 м). Серзилзила мебошад. Иклими Я. субтропикии муссонист, дар шим.— муътадил. Боришоти солона аз 1000 то 3500 мм. Зиёда аз 2/3 кисми худудаш бешазор (дар Хоккайдо асосан бешахои сузанбарг, чанубтар бешахои хамешасабзи субтропики) аст.

Дар а-хои 7—8 дар Я. сохти феодали чори шуд. Аз ох. а. 12 то с. 1867 хокимияти давлати дар дасти сёгунхо буд. С-хои 1867—68 рев. буржуази ба амал омад, вале он пурра ба итмом нарасид ва хокимиятро блоки буржуазию помещики ба даст даровард. С-хои 1894—95 Я. бар зидди Хитой чанги горатгарона мебурд. Таъсири зиёди муносибатхои феодали дар Я. боиси суст шудани инкишофи империализм гашт, аз ин ру империализм дар Я. дар ох. а. 19 ва ибт. а. 20 ба вучуд омад.

Баъди Чанги русу япон (1904—05) Я. Кореяро протекториати худ эълон кард ва с. 1910 онро зуран ба худ эълон кард ва с.1919 онро зуран ба мулки Я. хамрох намуд. С. 1914 хамчун тарафдори Антанта дар Чанги якуми чахони иштирок кард. С. 1918 харакати халки — «Исьёни биринч» cap зад. С. 1922 Партияи Коммунистии Япония (ПКЯ) таъсис ёфт. С-хои 1918—22 империалистики Я. ба Шарки Дури Совети интервенция ташкил карданд, аммо шикаст хурданд. С. 1925 байни Я. ва СССР алокаи дипломати мукаррар шуд. С. 1931 Я. Манчурияро забт кард, с. 1937 бошад, барои забт кардани тамоми Хитой чанг cap кард. Я. дар сархади Иттифоки Совети ва Мугулистон игвогарихо мекард, вале хатман ба мукобилати сахт дучор мешуд (чангхои дар назди кули хасан, 1938, дар назди д. Халхин-Гол. 1939 ва г.). Дар Чанги дуюмн чахони Я. иттифокчии Германия ва Италияи фашисти буд. Я. бисьёр мамлакатхои Осиёро забт кард, вале аз с. 1943 cap карда онхоро аз даст додан гирифт. Авг. 1945 халки япон курбони бомбаборони атоми шуд. Куввахои харбии хавоии ШМА 6 авг. ба ш. Хиросима ва 9 авг. ба ш. Нагасаки бомбаи атоми партофтанд. Ба ин бомбапартои зарурати харби набуд, он факат максадхои сиёси дошт. Дар натича хазорон одамони бегунох халок гардиданд. 8 авг. 1945 СССР мувофики ухдадории дар назди Иттифокчиён гирифтааш ва барои зудтар ба итмом расонидани Чанги дуюми чахони 9 авг. ба Я. чанг эълон кард. Кушунхои Совети армияи Квантунро торумор карда Манчурия, Кореяи Шимоли, Сахалини Чануби ва чаз-хои Курилро озод карданд. Хукумати Я. мачбур шуд 2 сент. 1945 бечунучаро таслим шавад. Баъди тамом шудани Чанги дуюми чахони ШМА Я.-ро истило карда, рохи дар Шарки Дур ба плацдарми харби табдил додани онро пеш гирафтанд. 8 сент. 1951 ШМА, Британияи Кабир ва як катор давлатхои диг. бо Я. шартномаи Сулхи Сан-Францискоро имзо карданд (аз апр. 1952 эътибор пайдо кард), лоихаи он ба вайронкунии принципхои декларацияи Потсдам бе иштироки СССР тайёр карда шуда буд. ШМА бо Я. якчанд шартнома ва созишномахо («шартномаи бехатараи» ва г.) баст, ки ин асоси конунии иттифоки харбию сиёсии ШМА ва Я. буд. «Шартномаи бехатари» с. 1960 бо «шартномаи ёрии байнихамдигари ва бехатари» иваз карда шуд (мухлаташ с. 1970 дароз карда шуд). Окт. 1956 хукумати СССР ва хукумати Я. дар бораи бас кардани холати чанг байни СССР ва Я. ва баркарор кардани алокаи дипломати декларация имзо карданд. Баъди ба имзо расидани декларацияи якчоя алокахои байни СССР ва Я. васеъ гардиданд. Нерухои демократии Я. барои нест кардани иттифоки харбии Японияю ШМА, бар зидди миллитарикунии мамлакат, барои осоиштаги, бетарафи, хамрох нашудан ба блокхои харби ва барои мухофизати демократия ва манфиатхои хаётии халк баромад мекунанд.

Партияи хукмрон (аз 1955) Партияи либералию демократии Я. аст.

Я. мамлакати мутараккии индустриявист. Аз чихати хачми умумии махсулоти милли дар чахони капиталисти дар чои 2 меистад (аз чихати микдор ба хар сари ахоли дар чои 12). Дар саноат 28%, дар х. к. ва хочагии чангал кариб 12% ахолии кобили мехнат банд аст. Дар иктисодиёт гуруххои молополистии «Мицубиси», «Мицуи», «Су-иитомо» ва г. хукмронанд. Дар катори корхонахои азим корхонахои хурд бисьёранд (хусусан дар саноати сабук ва хуроквори). Иктисодиёти Я. бештар ба воридоти ашьёи хом ва сузишвори вобаста аст. Саноати металлургия, мошинсози, химия, сабук (аз чумла бофандаги) ва чубкори хеле таракки кардааст. Хунарманди (аз чумла бадеи) нихоят маъмул аст. Я. аз чихати киштисози дар чахони капиталисти дар чои якум (кариб аз се як кисми киштисозии чахон, 1976), аз чихати истехсоли электротехника ва электроника, гудозиши пулод (105,3 млн т, 1985), истехсоли энергияи электрик (567 млрд кВт), истехсоли мошинхои сабукрав ва мошинхои боркаш (12,2 млн дона, 1985) дар чои дуюм, коркарди нефт, истехсоли цемент, пластмасса ва нахи синтези дар чои сеюм меистад. 16% фонди замин дар х. к. истифода бурда мешавад. Аз хама бештар хамворихои калон Каито (Токио), дар Хонсю, Исикари, дар Хоккайдо кариб пурра кишт карда мешаванд. Заминдории хурд ба аксарияти китъахои замини кишт (то 1,5 га) хос аст. Кисми асосии махсулотро зироаткори ташкил медихад. Хамаги такр. 5,7 млн га замин кишт карда мешавад. Зироати асоси — июли (119 млн т., 1984). Сабзавоткори, мевапарвари низ таракки кардааст. Саршумори чорво (1984, ба хисоби млн cap): чорвои калони шохдор 4,7, хук 10,4; парранда —309205 хаз., кирмакдори таназзул меёбад. Я. дар мохидори ва истихрочи махсулоти бахр (10,8 млн т, 1978) дар чахони капиталисти чои якумро ишгол мекунад. Тули р. о. 28 хаз. км (аз ин нимаш электриконида шудааст), роххои автомобилгард — такр. 240 хаз. км. Автопарк: такр. 13 млн мошинхои боркаш ва такр. 23 млн мошинхои сабукрав. Бандархои асоси: Кобе, Тиба, Йокохама, Нагоя, Осака, Кавасаки, Токио, Хакодате. Аз чихати хачми савдои беруни Я. дар чахони капиталисти чои 3-юмро ишгол мекунад. Шарикони асосии тичоратиаш: (ШМА) 25,6% экспорт ва 18,4% импорт, (1979) ва мамлакатхои Осиёи Шарки ва (Чан. Шарки. Дар экспорт маснуоти. тайёр афзалият дорад; импорт асосан аз сузишвори, ашьёи хом ва хуроквори иборат аст. Вохиди пул — иена.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …