АБУЛФАЗЛИ МИКОЛИ Убайдуллох ибни Ахмад ибни Али (соли таваллуд номаълум – вафот 28.4.1045), донишманд, адиб ва шоири араб, яке аз намоянда- гонн Оли Микол (хонадони маъруфи точик, ки дар асрхои 9-11 маком ва нуфуз доштанд). Дар Нишопуру Бухоро ва Макка аз донишандони бузурги давраш илми хадис омухт ва чун мухаддиси тавоно ба камол расид. Махфили дарси хадис таъсис дод, ки то охири умраш барпо буд.
Дар сарчашмахои адабиву таърихи (осори Саолиби, Утби, Бохарзи ва дигар) Абулфазли Миколи чун суханвари тавоно дар насру назм ситоиш шудаасг. Ба девон доштанаш ишора шудааст, вале он то замони мо нарасидааст. Мачмуи ашъори аз сарчашмахо чамъ овардашудаи Абулфазли Миколи (дар шахри Лейпсиги Германия соли 1908 ба табъ расидааст) дар аксари навъхои шеър даст доштани уро тасдик мекунанд.
Мавзуи ашъораш ишк, тавсифи табиат (гулхои райхон, лола, наргис, бунафша, дамидани субх, барфи руи барги дарахтон, шароб, асп ва гайра), ихвониёт, марсияхо, панду хикмат ва ирфон (дини) мебошад. Бештар аз санъатхои бадеии ташбеху истиора истифода кардааст.
Ба калами Абулфазли Миколи инчунин асархои мансури «Махзан-ул-балога» (мачмуаи номахову рукаот ба баъзе ашхос ва посухи онхо), «Фазоил-ул-мулук» (асари таърихи), «Шарху хамосат Абутаммом» (шархи ашъори Абутаммом), «Шархи девони Мутанабби», «Китоб-ул-мунтахил» (мунтахабе аз назму насри араб аз давраи чохилия то асри 10; нусхахояш дар Туркия ва Англия мавчуданд) тааллук доранд.
Адабиёт: Донишномаи Сомониён, чилди 1, Xучанд, 2009. Н. Зохидов.