АБУЛАББОСИ САРАХСИ (848, Сарахс – 901, Бухоро) навозанда, муси- кидон, олими форс-точик. Овони чавони дар Марв таълим гирифта, барои донишандузи чанд муддат ба Багдоду Димишк, Халабу Миср рафт. Сипас ба Бухоро омада, ба тадрису тахкик мепардозад. Дар санъати мусикии илмию амали дониши комил дошта, муддати дароз аз асосхои назариявии мусикии Юнон ба донишчуёни мадрасахои Бухоро ва Марв дарс гуфтааст.
Абулаббоси Сарахси муаллифи асархои барчастаи назарияви дар мусики – «Китоб-ул-мусики-ис-сагир», «Китоб- ул-мусики-ил-кабир», «Китоб-уш-шеър ва-л-мусики» буда, тибки маълумоти сарчашмахо (Ибни Усайбия, Авфии Бухорои, Насируддини Туси) ду тафсири чолибе ба «Ритмикус»-и Аристоксен. «Конунхо»-и Уклидус нигоштааст, ки Абунасри Фороби аз ин тафсирхои у ёдовар шудааст.
Адабиёт: Баркашли М . Мусикии Фороби, Тошкент, 1350; Рачабзода А., Мусики дар тамаддуни Сомониён, Душанбе. 2000; Донишномаи Шашмаком,
Душанбе. 2009.
А. Рачабов.