Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ АББОСИ

АБУЛАББОСИ АББОСИ

АБУЛАББОСИ АББОСИ Абулаббос (соли таваллуд ва вафот номаълум), шои­ри форс-точик (асри 10). Абулаббоси Аббоси аз ахли Мовароуннахр буда, дар хамин диёр касби камол намудааст. Аз у хамаги 66 байт боки мондаанд. ки аз фархангхо, «Лугати фурс»-и Асадии Туси ва дигар сарчашмахо чамъовари шудаанд. Абёти бокимондаи Абулаббоси Аббоси порахо аз касоид, газалхо, китъахо, рубоихо ва маснавихоянд. Мавзуъ ва мундаричаи ашъори у васфи ёр – маъшука, баёни хасби хол, мадх, хачв ва гайра мебошанд.

Аз чихати сабк, тарзи нигориш, истифодаи вожахо ва гайра ашъори Абулаббоси Аббоси  ба нигоштахои Рудаки монанданд. Аз ин чост, ки фархангнависон дар асархои худ (масалан, «Лугати фурс», «Фарханги Чахонгири») дар нисбат додани абёти ин ду шоир иштибох кардаанд. Абёти зерин аз Абулаббоси Аббоси мебошанд:

Гар кунун бори маро марг хаме хушк кунад,

Бими он аст, ки маро ласк иахохад задано.

Зи хону мону каробат ба гурбат афтодам,

Бимондам он чо бе созу баргу ангишто.

Табоеъ гар сутуни ту, сутунро хам бипусад бун,

Напусад он сутун харгиз, к-аш аз тоат зани коза.

Адабиёт: Афсахзод А., Одамушшуаро Рудаки. Душанбе, 2003; Ашъори хамасрони Рудаки, Душанбе, 2007.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.