Маълумоти охирин

Майкаши

МАЙКАШИ –  винокаши, шарбати ангур ва дигар мевахоро туршонида хосил намудани Май . Дар собик кишвархои шуърави бештар аз 600 хели Май истехсол мешуд. Точикон хануз то милод мусаллас тайёр намуда, чун воситаи табобати истифода мебурданд. Дар Точикистон аввалин корхонаи Майкаши соли 1929 дар ш. Уротеппа ва минбаъд дар нохияи Вахш (1930), Панчакент (1931) ва Душанбе (1936), н. Шахринав (с 1975), н. Хисор 1992 сохта шудааст. Соли 2017 дар Точикистон 4 корхонаи асосии Майкаши (Душабе, Шахринав, Гафуров, Уротеппа) ва 16 садвинсовхоз («Октябр» ва ба номи И. В. Мичурини вилояти Кургонтеппа, ба номи В. И. Ленин ва «Чубек»-и вилояти Кулоб, «Шахринав»-и Хисор, «Лаккон»-и Исфара ва г.) мавчуд аст, ки дорои 17 пункти махсулоткоркунианд вале бо тавонои пурра фаъолият намекунанд. Дар Точикистон майро асосан аз ангур ва себ мекашанд.

Майхои точики дар шиша

Соли 1980 дар Точикистон 5 хазор тонн дал майи ангур ва 700 т. дал майи себ истехсол карда, илова ба он 2497, 3 т. шиша майи шампан, 9200 т. дал масолехи Май тайёр намуданд. Соли 1978 масохати умумии токзори кишвар 21,2 хазор гектар ва хосили умумии ангур 1208,71 сентнер (120 хазор 871 тонн) буд. Дар Точикистон майро асосан аз ангури навъхои махаллии ангури сиёх, бахтиёри, ва сарга, исфисори, каттакургонй, кишмиши сафед, кишмиши сиёх, нимранг, обак (баян), султони, тагоби, тоифи, чиллаги, хусайни, чавз, каробогони ва закавказию европоии «Алеатико», «Албило*, «Бастардо», «Горе», «Каберне», «Караширей», «Лкенй», «Лавелыо*, «Матраса», «Морастел*, «Мурведр*, «Мускати гулоби*, «Мускати мачори», «Мускати сафед», «Ркацители», «Саперави», «Тавквери», «Турига» ва гайра тайёр мекунанд.

Хануз солхои 1958—65 Майкоп десертии Точикистон («Вахш», «Ширини», «Гончи», «Хисор», «Чавз», «Рохат», «Точикистон») дар намоищгоххои байналхалки 13 медали тилло ва 9 медали нукра гирифтаанд. Холо (1978) дар республика 28 навъи (10-тоаш десерти) Май истехсол мешавад, ки 12 навъи он (аз чумла 11-тоаш десерти) дар намоншгоххои байналхалкию умумииттафоки сазовори 30 медал (19 медали тилло ва 11 медали нукра) гардид.

Майи сафед асосан аз ангури сафед (расми), инчунин аз хама гуна ангурхои шарбаташон шаффоф таиёр карда мешавад. Ангурро баъди пухтан канда, дар мошинхои махсус фишурда, баъд бо тези шарбатро аз пусту тилф чудо мекунанд ва бо ёрии насос ба зарфхо мекашанд. Шарбатро 12—24 соат соф карда, барои турш нашудан аз хисоби 8—15 r/л кислотаи сулфат меомезанд. Баъд барои туршонидан ба бочка, зарфхои охану бетони ва цистернами фулузи рехта, то 2% хамиртурш илова мекунанд. Май хангоми 18— 25° С будани харорат дар муддати 2—3 хафта тайёр мешавад. Кисми софшудаи майи тайёрро ба зарфхо рехта, дар анборхо нигох медоранд. Дар Точикистон майи сафедн «Душанбе», «Расми», «Варзоб» ва гайра истехсол мешавад, ки 9—14% спирт ва 5—7% канд дорад.

Майи сурхро факат аз ангурхои навъи сурху сиёх (кишмиши сиёх, «Каберне», «Саперави», «Баян Ширей» ва гайра) тайёр мекунанд. Барои тайёр кардани майи сурх ангурро бо пусташ якчоя метуршонанд. Дар ин вакт моддахои рангдиханда, даббоги ва минералии таркиби мева, пуст ва тухму пучоки ангур хал шуда, ба Май ранг мебахшад. Ба шарбати бо пучок омехтаи ангур 2% хамиртурш илова карда, дар харорати 27—30° С 5—6 руз метуршонанд. Баъд майро ба зарфхо андохта то тайёр шуданаш дар анборхо нигох медоранд. Дар Точикистон майхои сурхи «Гули Хисор», «Шахринав»-ро истехсол мекунанд, ки 9—14% спирт ва 2—1% канд доранд.

Май ва Ангур” class=”alignnone size-full wp-image-74020″ height=”328″ src=”http://kitobam.com/wp-content/uploads/2017/03/may_angur.jpg” width=”656″/>

<p style= Майхои гиро ва десерти асосан аз ангурхои пухтарасидаи серканд («Алеатико», «Морастол», вас арга, тагоби, тоифи, чавз» каробоги ва г.) тайёр карда мешавад. Майхои баланд ва десертиро хам монанди майхои сурху сафед тайёр мекунанд. Аммо дар ин раванд ангури фишурдашударо соф ва гарм карда, спирт илова мекунанд. Дар ин хол моддахои буёву рангдихандаи таркиби мева ва тухми ангур ба Май гузашта, онро хушбуй ва хушранг менамоянд. Дар Точикистон майхои баланди «Помир», «Кургоптеппа», «Тоифи» ва десертин «Уротеппа», «Орзу», «Панч», «Кулоб», «Арал», «Хисор», «Исфисор», «Чубек» ва г. истехсол мешавад. Соли 1978 ба 8 номгуи майи Точикистон нишони давлатии сифат дода шуд.

Майи шампанро аз навъхои бехтаринн ангур («Баян Ширей», «Ркацители», «Фечавка», «Рислинг» ва г.) тайёр мекунацд. 17—20% канд ва 8—11% турши доранд. Ангури навкандаро дар давоми 4 соат фишурда, шарбаташро мегирандва дар харорати 10—12° С 14—16 соат ё 25— 30*^С 18—24 соат соф мекунанд. Барои шаффофгардонии ранги Май ба хар як далаш 2—3 г бентонит меандозанд. Баъд ба зарфхои туршгар гузаронида, дар харорати 14—18° С метуршонанд. Майи тайёрро дар хачми 10—15 хазор дал ба заводхои шампан мефиристанд. Дар заводхо ба масолехи Май канд, хамиртурш илова карда, ба шишахо меандозанд. Майи шампан дар шишахои дахонашон махкам бо гази карбонат сер гашта, фишшосзананда мегарданд. Барои ба дарачаи муайян расонидан майро аз як зарф ба зарфи дигар мерезанд, аз тахшонхо холис мекунанд ва якчавд навъи майхоро ба якдигар омехта, майи баландсифат хосил мекунанд. Дар кишвар навъхои шампани «Дилафруз», «Таджикское игристое» ва «Советское шампанское» истехсол мекунанд.

Ад.: Киселёв Н. А., Винодельческие районы и вина Таджикистана, М., 1967; Охрименко Н. С., Виноделие, М., 1969Г. Ахмадов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …