Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Лима

Шахри Лима

ЛИМА (Lima), шахрест ки пойтахти Перу, маркази иктисоди, сиёси ва мадании мамлакат. Дар хамвории доманакуххои Анд, дар сохили укёнуси Ором вокеъ гаштааст. Иклимаш тропикии биёбони. Харораташ миёнаи мохи хунуктарини ин чо (август) +16° С, гармтарин (феврал) +23° С. Боришоти солона 40 мм. Узели калони рохи охан ва автомобилгард, аэропорташ дорои ахамияти байналхалкист. Ахолиаш 10,4 млн нафар (2017сол).

Ш, Лима

Лимаи Калон (худи Лима, махалхои наздишахри ва бандари бахрии Каляо) кариб 80% махсулоти саноати мамлакатро медихад. Сохахои асосии саноат: хуроквори, атриёт, коркарди металл, химия, бофандаги, чарму пойафзол, корхонахои коркарди мохи, васли кисмхои мошин ва асбобхои электрикии рузгор. Шахр аз киммхои наву кухна иборат аст. Ёдгорихои меъмории асрхои 17—19: касру маъбад, калисохо, кабри президент ва гайра.

ХАРИТАИ ЛИМА

Шахри Лима дорои 6 донишгох, Академияи миллии мусики, Академияи миллии тибби, Академияи чаррохии Перу, Академияи илмхои дакик, Мактаби миллии санъати нафиса, муассисахои илми, Китобхонаи милли, Музеи миллии антропология ва археология, Музеи миллии маданияти Перу, Музеи санъат, театру расадхона, богхои ботаники ва гайра дорад.

Ба Лима соли 1535 испанхо асос гузоштаанд. Дар давоми 3 аср маркази мустамликахои дар Америкаи Чануби будаи испанхо ва пойтахти ноибшохии Перу буд. Аз соли 1821 — пойтахти Чумхурии Перу аст.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛИМА

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …