Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Литвонихо

Литвонихо

ЛИТВОНИХО – (худашон Летувяй (lietuviai) —гуянд), миллат, ахолии асосии Литва . Дар чахон 4,1 млн. нафар (2017), аз он чумла дар Литва 2,д млн. нафар, дар кишвархои дигар (асосан дар шимолу гарби, Латвия, Белоруссия) 150 хазор нафар Бештар аз 500 хазор Литвонихо дар хорича (асосан дар ШМА (600 хаз.), инчунин дар Европаи Гарби, Канада, Полша, Америкаи -Чануби ва Австралия) зиндагони мекунанд.

Сурати Литвонихо

Ба забони литвони гaп мезананд. Аксарияти диндорон католиканд. Литвонихо асосан аз кабилахое, ки охири хазораи 3 ва аввали 2 то мелод. ба хавзаи арёхои Нямунас Неман) ва Даугава омада буданд, ташлккул ёфтанд. Асрхои 9—12 бо инкишофи куввахои истехсолкунанда муносибати байнихамдигарии кабилахо пурзур гардид. Нимаи 1-уми асри 13 дар натичаи ташаккули этникии Литвонихо давлати Литва ташкил ёфта, дар мубориза бо Ордени ливон кувват гирифт. Асрхои 14—16 робитаи Литвонихо бо русхо, белорусхо ва Польша мустахкам гардид.

Харитаи ватани Литвонихо

Дар давраи парокандагии феодали дар дохили халки Литвонихо гуруххои махаллии этнографи чудо шуданд. Соли 1795 ва 1815 сарзамини Литвонихо ба хайати Россия дохил шуда, нимаи 2-юми асри 19 миллати литвони ташаккул ёфт. Соли 1940 Литвонихо ба хайати иттиходи шуърави дохил гардида соли 1990 аз он баромаданд. Халки Литва рохи таракииёти демократи-капиталистиро пеш гирифта, ба миллати мутараки табдил ёфт. Литвонихо дорои маданияти бои модди ва маънавианд

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …