Маълумоти охирин
Главная / Биология / УРЕТРИТ

УРЕТРИТ

УРЕТРИТ, илтихоби шадид ё музмини пардаи луобии пешоброхаро гуянд. Ба Уретрит бештар мардхо гирифтор мешаванд. Одатан хангоми алокаи чинси мегузарад. Уретрит метавонад сузоки, трихомонади ва номахсус шавад.
Уретрити шадид баъди як чанд шаборуз (хангоми сузок 3—4, хангоми трихомоноз ва Уретрити номахсус баъди 5—20)-и сироят ёфтан огоз меёбад; аз пешоброха мадда мебарояд ва хангоми пешоб кардан дарди сахт хис мешавад. Уретрити музмин дар натичаи пурра муолича накардани Уретрити шадид ба вучуд меояд. Кам ё тамоман наомадани мадда аз пешоброха ва дарду хориш кардани он аломатхои Уретрити музмин мебошанд. Простатит (илтихоби гадуди простата) тангшавии пешоброха, эпидидимит (илтихоби зоиди хоя) бодхои уретрит меоошавд. Уретритро бо рохи тадкики микроскопии моеъоти аз пешоброха омада (уретроскопия) ташхис мекуванд.
Муолича: антибиотикхо, сулфапиламидхо (хангоми трихомоноз — трихопол), бисёр нушидан, худдори аз истеъмоли хурокхои талху тунд, ба пешоброха гузаронидани дору. Оид ба пешгирии Уретрит нигаред Сузок.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …