Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРМОХИМИЯ

ТЕРМОХИМИЯ

termoxomiya

ТЕРМОХИМИЯ (аз термо… ва …химия), яке аз фаслхои термодинамикаи химиявиро номанд; дар он ходисахои хароратие омухта мешаванд, ки зимни реакцияхои химияви чараён мегиранд. Усули тачрибавии Термохимия калориметрия мебошад. Зарурияти тадкики эффекти гарми ва гармигунчоишро аввалин шуда (1752— 54) М. В. Ломоносов нишон додааст. Нимаи дуюми асри 18. Ч. Блэк, А. Лавуазье ва П. Лаплас бори аввал ченкунии термохимиявиро гузарониданд. Усули ченкунии калориметри бошад, асри 19 аз тарафи Г. И. Гесс, П. Бергло, X. Ю. Томсен, В. Ф. Лугинин ва дигар олимон такмил ёфт. Аввали асри 20 назарияи Термохимия дар асоси маълумоти кванти ва статистики таракки кард. Маълумоти термохимияви (харорати хосилшави ва сузиши пайвастахои химияви, таъсири хароратии реакцияхо ва гайра) ба таври васеъ дар технологияи химияви истифода мешаванд. Дар асоси маълумоти термохимияви ва бузургихои термодинамики низоми мусоидтарини истехсолоти химиявиро муайян менамоянд. Усулхои Термохимия дар химияи колоиди зимни омузиши ходисахои биологи низ васеъ ба кор меравад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …