Маълумоти охирин

ТАВРОТ

ТАВРОТ, як кисми Библия, мачмуи навиштачоти мукаддаси дини яхудиро номанд, ки дар масехият низ мукаддас дониста мешавад. Ба забони яхудии кадима ва кисман ороми (байни асрхои 12—2 то мелоди) таълиф шудааст.

bibliya

Солхои 90—100 милоди хамчун мачмуи ягона тахия гардидааст. Мувофики дастхатхои махфузмонда Ахди Кадим аз 39 китоб иборат буда,он низ дар байни мардум бо номи Таврот маълум аст ва ба се таксим мешавад: 1. Панчкитобаи Мусо (Таквин, Хуруч, Ливиён, Аъдод, Таврити мусанно); 2. Мактуботи пайгамбарон (китоби Ясуъи бани Навин, ки мазмунан ба Таврити мусанно каробат дорад. Кузоти бани Исроил, кутуби 1—2-и Сулаймон, кутуби 1—2-и мулук, Ишиё, Ирмиё, Хазкил, инчунин 12 пайгамбарони «сарир» — Хушиё, Иуиил, Амос, Авбдиё, Ионох, Микох, Нохум, Хабкук, Сафниё, Хагий, Закариё, Малахиё); 3. Мактуботи таърихи ё ривоёт (Забур, амсоли Сулайман, китобхои Аюб, суруди Сулаймон ё Нашид ан-ношид, Руф, ниёхоти Ирмиё, Воизи номии Сулаймон, Истир, Дониёл, Узро, Нахмиё кутуби 1—2-и таворихи айём).
Ибодати масехи аз тарчумаи юнони, лотини, славянии кадим ва забони хозлраи Таврот истифода мебарад. Асоси ин тарчумахо тарчумаи кадамаи юнонист. Дастхатхои Кумрон нусхаи асли баъзе китоб ва порчахои Тавроти томасоретиро ошкор вамуданд. Таврот аслан мачмуи эчодиёти дахонии кабилаю халкиятхои Шарки Наздик буда, факехону илохиётшиносони яхудию масехи онро чандин бор дар рухияи дини тахриру тахия кардаанд.
Таврот шархи вокеахои чамъиятию умумихалки, падидахои мухимми маишату зиндагии ашхоси алохида, таамули замона, муносибатхои ичтимои, чанги байни давлатхо ва кабилахо, равобити байникабилавию байвидавлатии хазораи якуми то мелодро дарбар гирифта. тамоми зиндагии чамъиятию шахси, масъалахои сиёси, оилавию маиш2иро аз назари дини таъбир намудааст. Дар Таврот вокоаю ходисахои таърихии аслан ба яхудиён ва киоман ба халкхои дигари кадими сохпли бахри Миёназамин мансуб дарч гардидаанд. Дар Таврот амру нишондодхои тибби кадима низ мушохида мешаванд.
Матнхои динии Таврот на аз шухрати илохи, балки аз сиёсати кохинон ва сехру хурофоти кадима хикоят мекунанд. Дар Таврот афсонахои халки (гунахкории Одаму Хавво), андешахои фалсафи, амрхои маросими, муъчизоти сершумори дини низ инъикос бфтаанд. Масъалахои ахлокию хаёти низ дар Таврот таъбир шудаанд: дар Хуруч гуфта шудааст, ки фарзандон то се насл барои гунохи падарон чавобгаранд. Вале мувофики фармудаи Сулаймон (18, 20) барои гунох танхо рухи гунахкор баъди фавти чисм чавоб мегуяд. Хамаи ин даъвол азалияти тавхиди яхудиён ва офарида будани Тавротро сарфи назар менамояд. Таъсири китобхои алохидаи Таврот дар Куръон хеле зиёд буда, ирсияти таълимоти диниро тасдик менамояд.
С. Ахмедов, А. Шарифов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.