Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Новосибирск

Шахри Новосибирск

Новосибирск (то 1925 — Н о в о ­н и колаевск), шахр, маркази вилояти Новосибирски РСФСР. Дар чанубу шаркии хамвории Сибири Гapби, дар хар ду сохили дарёи Об вокеъ аст. Узели калони рохи охан, бандари дарёи. Ахолиаш 1312 хазор нафар (1979). Новосибирск яке аз марказхои калонтарини иктисодиёт, маданият ва илми СССР аст. Сохахои саноаташ: мошинсози ва металлургия (дастгоххои вазнин ва гидропрессхо, турбогидрогенераторхо, мошинхои хочагии кишлок телевизор, маг­нитофон), химия (пластмасса, лок, дорусози ва гайра), сабук (комбинату чарму пойафзол, фабрикахои трикотаж, дузандаги, мебел), хуроквори (комбинатхои ордкаши, гушту консерв, равган). Базаи электроэнергетикиаш: ГЭС-и Новосибирск дар дарёи Об ва 4 ТЭЦ. Дар Новосибирск Шуъбаи сибирии АФ СССР, Академияи умумииттифокии хочагии кишлок ба номи В. И. Ленин, филиали сибирии Академияи илмхои тиббии СССР, 14 донишкадаи оли (аз чумла унивнрситет), филиали Институти технологии саноати сабуки Москва, 37 мактаби миёнаи махсус, театрхо (опера ва балет, 2 театри драма, мусикию мазхакави, чавонон, лухтак), нигористон, музеи кишваршиноси (филиали хона-музеи ба номи С. М. Киров) хаст.

Новосибирск 1893 дар сохили дарёи Об бунёд ёфтааст. Аз соли 1925 маркази Сибир, аз 1930 маркази Сибири Гарби ва аз 1937 маркази вилояти Новосибирск. Бо ордени Ленин мукофотонида шу­дааст (1982).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …