Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СТАЛИН Иосиф Виссарионович

СТАЛИН Иосиф Виссарионович

stalin

СТАЛИН (фамилия Чугашвили) Иосиф Виссарионович (21. 12. 1879, шахри Гори, хозира Ресспубликаи Совети Сотсиалистии  Гурчистон—5. 3.1953, Москва), яке аз арбобони Партияи Коммунисти, Давлати Совети, харакати коммунисти ва коргарии байналхалки, назариётчи ва таргиботчии марксизм-лешинизм. Аз оилаи музадуз. Соли 1894 Омузишгохи динии Гориро хатм намуда, ба семинарияи православии Тбилиси дохил шуд. Дар зери таъсири марксистони рус, ки дар Закавказия зиндаги мекарданд, ба харакати революциони хамрох шуд. Бакили Конференцияи 1-уми РСДРП дар Таммерфорс (1905), съездхои 4 ва 5-уми РСДРП (1906, 1907).

Дар давраи фаъолияти пинхонии революциониаш борхо хабс ва бадарга шудааст. Январи 1912 дар мачлиси Комитети Марказии РСДРП ба хайати Комитети Марказии гоибона кооптация ва ба Бюрои Комитети Марказии РСДРП оид ба Россия дохил карда шуд Солхои 1912—13 дар Петербург кор карда, бо гуруххои «Звезда» ва «Правда» фаъолона хамкори менамуд. Иштирокчии Мачлиси машваратии Комитети Марказии РСДРП бо коркунони партияви дар Краково (1912). Феврали 1913 Сталин боз хабс ва ба кишвари Турухон бадарга шуд.

Баъди сарнагун шудани хокимияти мутлака 25 марти 1917 Сталин ба Петроград баргашт ва дар Конференцияи 7-уми (апрелии) умумироссиягии РСДРП(б) аъзои Комитети Маркази интихоб гардид (аз хамон вакт сар карда то Съезди 19-уми партия аъзои Комитети Маркази буд). Мувофики супорипш Комитети Маркази дар Съезди 6-уми РСДРП(б) бо хисоботи сиёсии Комитети Маркази ва маъруза дар бораи вазъияти сиёси баромад кард.

Сталин хамчун аъзои Комитети Маркази дар тайёр кардан ва ба амал баровардани Револютсияи Октябрь фаъолона иштирок намуд: дар хайати Бюрои Сиёсии Комитети Маркази, Маркази харбию революциони — органи партияви оид ба рохбарии шуриши мусаллах ва хайати Комитети харбии революционии (КХР) Петроград буд. Дар Съезди 2-юми Умумироссиягии Советхо (8 нояббри 1917) ба хайати аввалин Хукумаги Совети дар вазифаи комиссари халки оид ба корхои миллатхо (1917—22) интихоб гардид; дар баробари ин ба Комиссариати халкии назорати давлати рохбари мекард (1919—22), ки он соли 1920 ба Комиссариати халкии Инспекцияи коргару дехкон (ИКД) табдил ёфт.

Дар давраи Чанги граждани ва интервенцияи харбии хоричи (1918 —20) Сталин як катор супоришхои масъули Комитети Марказии РКП(б) ва Хукумати Советиро ичро мекард.

Баъди ба охир расидани Чанги граждани Сталин дар муборизаи партия дар роки баркарор кардани хочагии халк, амали гардонидани сиёсати нави иктисоди, мустахкам намудани иттифоки синфи коргару дехкон фаъолона иштирок кард. Дар вакти мубохиса дар бораи итгифокхои касаба, ки бо ташаббуси Троцкий сар зада буд, платформаи лениниро дар бораи роли иттифокхои касаба дар сохтмони социалисти тарафдори намуд. Дар Съезди 10-уми РКП(б) (1921) оид ба «Вазифахои навбатии партия дар масъалаи милли» маъруза кард. Апрели 1922 Пленуми Комитети Марказии Сталинро Котиби генералии Комитети Маркази интихоб намуд ва у дар ин вазифа беш аз 30 сол кор кард.

Сталин ба сифати яке аз коркунони рохбарикунандаи сохаи сохтмони миллию давлати дар ташкили Иттифоки Республикахои Советии Социалисти иштирок намуд.

stalin1

Сталин  баъди вафоти В. И. Ленин дар муайян кардан ва ба амал татбик намудани сиёсати КПСС, планхои сохтмони хочаги ва мадани, мустахкам кардани иктидори мудофиавии мамлакат ва амали гардондани рохи сиёсати берунии партия ва Давлати Совети фаъолона иштирок кард. Сталин бо хамрохии дигар ходимони рохбарикуяандаи партиябар зидди душмапони ленинизм муборизаи оштинопазир бурд, дар торумори гоявию сиёсии троцкизм ва оппортунизми рост, дар мухофизати таълимоти Ленин, дар бораи имконпазирии галабаи социализм дар СССР, дар мустахкам намудани ягонагии партия роли намоён бозид.

Дар шароити пеш омадани хатари чаиг ва дар солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—45) Сталин дар фаъолияти серсохаи партия оид ба мустахкам гардопдани иктидори мудофиавии СССР ва ташкили торумори Германияи фашисти ва Японияи милитаристи мавкеи рохбарикунандаро ишгол мекард.

6 маи 1941 Раиси СКХ СССР (аз соли 1946— Раиси Совети Вазирони СССР), 30 июаи 1941 раиси Комитети давлатии мудофиа, 19 июл комиссари халкии мудофиаи СССР, 8 август Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи СССР таъин гардид. Хамчун сардори Давлати Совети дар конференцияхои рохбарони се давлат — СССР, ШМА ва Британияи Кабир дар Техрон (1943), Крим (1945) ва Потодам (1945) иштирок кард.

Дар фаъолияти Сталин дар баробари чихатхои мусбат баъзе хатоихо низ чой доштанд. Агар дар солхои аввали бо В. И. Ленин кор карданаш ба эродхои танкиди диккату эътибор дода бошад, вале баъдтар аз принципхои ленинии рохбарии коллективона ва дормахои хаёти партияви дур шудан гирифт, ба хизматхои худ дар муваффакиятхои партия ва халк аз будаш зиёд бахо медодаги шуд. Охиста-охиста парастиши шахсияти Сталин ба вучуд омад, ки он ба дагалона вайрон кардани конунияти социалисти сабаб шуд, ба фаъолияти партия, кори сохтмони коммунисти зарар расонд.

Сталин аъзои Бюрои Сиёсии Комитети Марказии ВКП(б) (1919—52), аъзои Президиуми Комитети Марказии КПСС (1952—53), аъзои Комичроияи Интернационали Коммунисти (1925 —43), аъзои Комичроияи Интернационали Коммунистии Умумироссия (аз соли 1917), аъзои Комичроияи Интернационали Коммунистии СССР (аз соли 1922), депутати Совети Олии СССР (даъватхоя 1—3) буд. Сталин бо унвонхон Кахрамони Мехнати Социалисти (1939), Кахрамони Иттифоки Совети (1945), Маршали Иттифоки Совети (1943), унвони олии харби — Генералиссимуси Иттифоки (совети (1945) сарфароз ва бо 3 ордени Ленин, 2 ордени «Галаба», 3 ордени Байраки Сурх, орденя Суворов (дарачаи 1) ва медалхо мукофотонида шудааст. Дар Майдони Сурх дафн шудааст.

Осор: Асархо, чилди 1—12, Сталинобод, 1948— 55

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …