Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САДОВСКИЙХО

САДОВСКИЙХО

САДОВСКИЙХО, оилаи актёрони рус, ки дар инкишофи реализми сахнавии рус хиссаи арзанда гузоштааст. Пров Михайловиче, (фамилияи асхиаш Ермилов) (23. 10. 1818, Ливни—28. 7. 1872, Москва). Баъди фавти падар дар тарбияи тагохояш Г. В. ва Д. В. Садовский— актёрони намоёни музофоти буд (тахаллуси Садовскийхо аз хамин чост). Соли 1832 ба дастаи театрии Тула, кабул шуд. Дар театрхои Калуга, Рязан, Воронеж, Казон ва дигар шахрхо баромад мекард. Соли 1839 бо дастгирии М. С. Шепкин дар сахнаи Театри Хурд хунарнамои кард. Истеъдоди хачвофарии у дар хамин театр зохир гардид (песахои «Зангири» ва «Муфаттиш»-и Н. Гогол, ролхои Подколёсин, Осип). Чихатхои дигари махорати актёр бештар дар песахои А. Н. Островский, ки у таргибкунандаи эчодиёти ин драматург буд, кушода шуд: Дикой («Раъду барк», 1859), Куроспелов («Дили сузон», 1869), Любим Торсов («Камбагали айб нест», 1854) ва гайра. Дар комедияхои Молер, Шекспир, Калдерой, инчунин операхо иштирок дошт. Овози хушохангу талаффузи бурро ба у дар образофарй кумаки калнм мекарданд. Актёр хусусияти миллии образ, характеру чахони ботинии кахрамонашро бо як самимияти хос, табии ва боварибахш мекушод. Муаллифи як катор хикояхои хачвист. Михаил Провович Садовский (24. 11. 1847, Москва—8. 8. 1910, хамон чо), писари Пров Михайлович Садовский Бо мадади падар ва А. Н. Островский омодаи сахна гардид. Солхои 1867—1869 дар спектаклхои «Махфили артистог» иштирок дошта, аз соли 1869 дар Театри Хурд хунарнамои кардааст. Дар песахот Островский зиёда аз 60 рол офаридааст. Аз чумла: Счастливсев («Чангал»), Мурзаветский («Гургон ва гусфандон»), Андрей Белугин («Издивочи Белугин»), Карандишев («Бечихоз») ва гайра. Хамчун давомдихандаи рохи падар дар санъати театрии рус аз худ накши фаромушношудание гузоштааст. У аз дигарон бо нутки сахнавии чолиб, санъати хакикатан халки ва самимият фарк мекард. Мавзуи асосии эчодиёташ кисмати хамзамонон, одамони одди, бекасукуй ва сияхтолеъ буд. Муаллит як силсила очерку хикояхост. Мутарчими песахои Расин, Бомарше, Голдони, Госси (дар Театри Хурд гузошта шудаанд). Дар Омузишгохи мусикиву драмавии Чамъияти филармонии Москва ва Омузишгохи театрии Москва дарс гуфтааст. Олга Осипжовна С. (фамилияи худаш Лазарева) (25. 6. 1849, Москва—8. 12. 1919, хамон чо), завчаи Михаил Провович Садовский Аз падараш—сарояндаи дастаи операвии театрхои императории Москва махорати мусикидонию овозхониро омухта, ба сурудхои халки таваччухи хос дошт. Дар ибтидо — аъзои дастаи «Махфили артистон». Соли 1879 аввалин бор дар сахнаи Театри Хурд баромад карда, соли 1881 ба хайати он кабул шуд. Садовский образхои зиндаи савдогарзанхо, мешанхо ва дехконзанхоро офаридааст. Хамчун актрисаи намоёни театри Островский образхояшро табии, боварибахш офарида, чихатхои гуногуни онро тавассути овози пуртобиш, диалогхои нишонрас мекушод. Ролхои бехтарини у дар песахои Островский; Анфуса Тихоновна («Гургон ва гусфандон», 1893), Мавра Тарасовна («Хакикат хуб аст, аммо саодат авлотар», 1897), Галчиха («Гунахкорони бегунох», 1884) ва гайра; Матрёна («Дар зулмот»-и Л. Толстой, 1895), графзан Хрюмина («Дод аз дасти акл»-и С. Грибоедов, 1899) хамчунин аз ролхои бехтарини уянд. Захаровна аз спектакли «Муисафед»- и Горкий (1899) роли охиршш Садовский буд. Ба санъати у К. С. Станиславский, В. И. Немирович-Данченко, А. П. Ленский бахои баланд додаанд. Елизавета
М и х а й л о в н а Садовский (5. 5. 1872, Москва —4. 6. 1934, хамон чо), духтари Олга Осиновна ва Михаил Провович С. Дар сахна (то бархаёт будани модараш) уро Садовскаяи 2-юм ном мебурданд. Соли 1894, пас аз хатми курсхои драмавии назди Омузишгохи театрии Москва, ба Театри Хурд кабул шуд. Глафира аз «Гургон ва гусфандон»-и Островский роли бехтарини Садовский хисоб меёбад. Ролхои дигари Садовскийхо: Снегурочка, Поликсена, Юлиячон, Верачон, Варвара («Снегурочка», «Хакикат хуб аст, аммо саодат авлотар», «Чои даромаднок», «Масхарабозон» ва «Раъду барк»-и А. Островский), Маря Антоновна («Муфаттиш »-и Н. Гогол), Лиза («Дод аз дасти акл»-и С. Грибоедов )г, Сюзанна («Зангирии Фигаро»-и П. Бомарше). Пров Михайловиче. (21. 8. 1874, Москва —4. 5. 1947, хамон чо), Арт. Халкии СССР (1937). Писари Олга Осиповна ва Михаил Провович С. Курсхои драмавии Омузишгохи театрии Москваро хатм карда, соли 1895 ба Teaтри хурд кабул шуд. Хануз аз ролхои аввалинаш (Мизгир — «Снегурочка»-и А. Островский, Чатский — «Дод аз дасти акл»-и С. Грибоедов, Меркутсио — «Ромео ва Чулетта»-н У. Шекспир ва гайра) истеъдоди баркамоли у зохир гашт. Махсусан ба офаридани образи одамони кавииродаву матин бештар муваффак мегардид: Гокон («Чохталаби»-и Г. Ибсен) Беркутов («Гургон ва гусфандон»-и А. Островский) ва гайра. Роли комиссар Кошкин аз песаи «Любовь Яровая»-и К. Тренёв (1926), ки тачассуми образи коммунист Собиткадам аст, ба таърихи театри совети хамчун вокеаи мухимме дохил шудааст. Ролхои бехтаринаш: Расстёгин («Дар сохили Нева»-и К. Тренёв) Несчастливсев («Чангал»-и Островский), Фамусов («Дод аз дасти акл»-и С. Грибоедов) ва гайра. Чун режиссёр чанд песа тахия кардааст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943). Бо ду ордени Ленин ва медалхо мукофотонида шудааст. Дар Театри Хурд холо ннхо хунарнамои мекунанд: писари Пров Михайлович Садовскийх— Пров Провович Садовский (таввллудаш 1926) ва чияни Пров Михайлович—Артисти Хизматнишондодаи РСФСР (1949) Михаил Михайлович Садовскийхо (таваллудаш 1909).
Ад.: Семья Садовских, мач. тахти тахрири Вл. Филиппов, М.—Л., 1039.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.