Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОКОМПАС

РАДИОКОМПАС

radiokompas

РАДИОКОМПАС, радиопеленгатори самолёт, ки барои пеленгатсияи авто­матик сигналхои радиостансияхои руизамини хизмат мекунад. Радиокомпас олати кабули индикаториест, ки аз системаи пайгир ва ду антенна (самтдори ромбшакл ва бесамти милашакл) иборат мебошад. Дар Радиокомпас сигналхои радиостансияи пеленгатсияшаванда, ки хар ду антенна кабул мекунад, чамъ мешаванд, баробари ин дар он сигнале, ки аз антеннаи ромбшакл бо басомади генератори такяви меояд вобаста ба амплитудаи сигнали аз антенна оянда ком­мутатсия (гох васлу гох чудо) шу­да, дар натича шиддат дар мадхали олоти кабул аз руи амплитуда модулятсия мешавад. Бо рохи мукоисаи шиддатхои махрачи кабулкунанда ва генератори такяви сигнали сахв хосил мешавад, ки он баъд ба системаи пайгир меояд. Сис­темаи пайгир антеннаи ромбшаклро автомати ба самти хадаф тоб медихад. Кунчи тобхурии антеннаи ромбшакл ба индикатори акрабакдор тахвил карда мешавад ва он кунчи байни самти харакати самолёт ва самти радиостансияро нишон медихад. Бо ёрии Радиокомпас аэродромро меёбанд, нишасти самолёт ва халли баъзе масъалахои идораи самолётхоро таъмин мекунанд. Ниг. низ Пеленгатор.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …