Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Осиёи хурд

Осиёи хурд

Осиёи хурд, нимчазираест дар гарби Осиё, ки кисми зиёди онро Тур- кияи хозираишгол кардааст. Осиёи Xурдро бахрхои Сиёх, Мармар, Эгей ва Миё- назамин ихота кардаанд. Зиёда аз 1000 километр дарози ва 400—600 километр бар дорад. Тархи сохилхои шимол ва чануб бештар рост буда, сохилхои гарби бо халичхои бисёре бурида шудаанд. Кисми зиёди нимчазираро кухсори Осиёи Хурд фаро гирифтааст; баландиаш 800—1500 метр; дар сохили бахрхо пастихои камбар мавчуданд.

Нохияхои шимоли ва гарбии нимчазираи Осиёи Xурд— серзилзила. Иклим субтропи­кии бахримиёназамини. Куххои канориаш сернам (боришоти солона 1000—3000 миллиметр), нохияхои дохили хушк (200—500 миллиметр). Дарёхо камоб, зимистон пуроб мешаванд. Кулхои баста (аз чумла кулхои шур) ва шурзаминхо бисёранд. Дар нишебихои наздисохилии кухи Понт бешахои сернами субтропики, дар кухи Тавр бе­шахои бахримиёназамини ва буттазорхо дида мешаванд. Ландшафтхои нохияхои дохилии нимчазираи— нимбиёбонии ксерофити ва даштхои кухи Нигаред низ Туркия.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …