Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Неки ва бади

Неки ва бади

Неки ва бади категорияхои туури ахлоки, ки шаклхои мутакобилаи (мусбату манфии) рафтору аъмоли одамон ва ходисадхои ичтимоиро ифода мекунанд. Дар таърихи этика аз кадим тамоюлоти материалисти ва идеалисти дар таъбири мохияти Неки ва бади ба хам зид буданд. Материализм ин мафхумхоро бо талабот ва манфиатхои инсони, конунхои табиат, хохишу нияти одамон (натурализм), лаззат ва ранчу азоб, хушбахти ва бадбахтии шахс (гедо­низм, эвдемонизм) ва ахамияти ичтимоии фаъолияти фардхо барои хаёти якчоя вобаста мекунад. Идеа­лизм Неки ва бадиро махсули иродаи илохи ва рухи мутлак медонад.

Танхо фалсафа ва этикаи марксистии мафхумхоро ба заминаи хакикатан илми, ичтимоию таърихи гузошта, Неки ва бадиро бо зиддиятхои вокеии чамъият ва инъикоси махсуси онхо дар шуури ахлокии давра, системахои чамъияти ва синфхои муайян во­баста кард. Фахмиши мухталиф до­ир ба мазмуни конкретии Неки ва бади низ аз хамин иборат аст. «Тасаввуроти оид ба хайру шар аз як халк то халки дигар, аз як аср то асри дигар он кадар бисёр тагйир меёфт, ки аксар вакт бо якдигар тамоман зид меомад» (Энгелс Фридрих, Анти- Дюринг, Душанбе 1975, сахифаи 193). Аммо дар ин мафхумхо як андоза мазмуни умуми низ боки мондааст; онхо хамеша дар шакли бахо ва дастури ахлоки масъалахои амалии субъектхои ичтимоиро дар хозира ё ояндаи дур ифода. мекарданд.

Идеяи неки, навишта буд Владимир Илич Ленин, талаботи одамро дар вокеият инъикос менамояд, «яъне олам инсонро конеъ намегардонад ва инсон карор медихад, ки бо амали худ онро тагйир дихад» (Acар, чилди 38f сахифаи 215). Дар ахлоки коммунисти ахамияти Некб ва бади маънои бархам додани истисмор, нобаробарии ичтимои ва инкишофи хаматарафаи шахсро дар чамъияти бесинф ифода мекунад.

Адабиёт: Архангельский Л. М.. Ка­тегории марксистской этики, Москва, 1963.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.