Маълумоти охирин
Главная / Биология / Наххои табии

Наххои табии

Наххои табии, н а х х о и бо­фандаги, наххои дарозу мустахкам ва каиши борик, ки аз растани, минерал ва хайвонот хосил меку­нанд; ашёест барои истехсоли ка- лоба ва баъзе молхои гайри матоъ. Наххои табииро аз загир, катон, пахта, чут, канаб, пашми хайвонот, пилла ва минерал (асбест) тайёр мекунанд. Аз Наххои табии аз хама маъмул ва арзон нахи пахта буда, дарозиаш 25—39 миллиметр мешавад. Нахи табиии дарозу борик аз хама гаронбахо хисоб меёбад, зеро аз он матоъхои махин (маркизет, батист) ва калобахои бо­рик истехсол мекунанд.

Нахи табиии загирро аз лифи пояаш (загирпоя) мегиранд; дарозиаш 100— 800 миллиметр. Нахи загир барои истехсолт матоъхон тобистона истифода мешавад. Гози канабу чутро барои тайёр намудани аргамчини гафс, банд ва матоъхои дурушти рузгор ба кор мебаранд. Дарозии нахи пашми гусфанд, буз, шутур ва харгуш 50—300 миллиметр меояд ва ин нах хар кадар махинтар бошад, матои он хамон кадар хушсифаттар мешавад. Нахи табиии муина нисбатан чандир буда, матои он гичим намешавад. Нахи табиии шохи (пилла)- хело чандир ва борик аст; дарозиаш 400— 1200 миллиметр. Истехсоли шохи басо мехнатталаб аст. Дар саноати бофандаги бештар нахи сунъиро ба кор ме­баранд, ки он аз нахи шохии табии мондание надорад.

Аз нахи минералию асбести матоъхои техники, ма- териалхои изолятсиони ва баъзе либосхои махсуси оташтобовар тайёр мекунанд. Наххои табииро холис ё омехта истифода мебаранд. Масалан, нахи пахтаро бо капрон, нахи загирро бо лавсан омехта, ба кор мебаранд. Дар натича сифати матоъ баланд, истехсоли он арзон мешавад. Ком­бината бофандагии Душанбе, Ком­бината абрешими Ленинобод ва Комбината Колинбофии Кайрокум аз чумлаи калонтарин корхонахои саноати наххои пахта, абрешим, нахи сунъй дар Иттифоки Совети мебошанд.

Адабиёт:  Кукин Г. Н., Соловьев А. Н., Текстильное материаловедение, чилди 1-2, Москва, 1961—1964.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …