Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «Нафоис-ул-фунун фи ароис-ил-уюн»

«Нафоис-ул-фунун фи ароис-ил-уюн»

«Нафоис-ул-фунун фи ароис-ил-уюн»  (пирояи фанхо дар арусхои хакикат), асари энциклопедии Шамсуддин Мухаммад Махмуди Омулист, ки соли 1335 таълиф ёфтааст. Он ба забо­ин форси-точики навишта шуда, дар  бораи 160 сохаи илми асримиёнаги маълумот медихад. Муаллиф кушиш кардааст, ки тамоми илму фанну саноеъи пешина ва замони худро тафсир намояд ва мохияти хар илм ва хар истилохи илмию фанниро кушояд. Истилохоти ин асар басо мураккаб буда, аз кали- махон араби ва форси-точики, юнони, хинди ва гайра иборат аст. Асар комёбихои илму фанни на танхо форсу точику араб, балки илму фанхои хоси халкхои дигар, масалан, халкхои хиндро дарбар мегирад. Дар баробари тафсири мафхумхои дини ва фалсафи, тасаввуфи ва гайра ба илмхои табии диккати зиёд дода шудааст.

Дар асар доир ба касбу кор ва саноеъ маълумоти муфид хосил кардан мумкин аст. Дар НАФОИС-УЛ-ФУНУН ФИ АРОИС-ИЛ-УЮН истилохоти маъмурии давр шарх ва эчод ёфтаанд, ки ахамияти таърихи- иктисоди ва сиёси доранд. Бо вучуди он ки аксари материалхои ин асари чомеъ дар замони дозир фа- цат адамияти таърихи-нлми доранд, бнсьбр чндатдои илми ва амалпн он холо хам кобили тадкик мебошанд, масалан. дар сохаи тиб ва мухофизати тандурусти. Ин асар барои омухтани таърихи истилохоти илми, саноати ва маъмури сарчашмаи муътабарест хоса барои шинохтани маънии истилохи омоними, ки дар сохахол мухталиф маънои гуногун доранд. Бисьёр таълиф ва шарххои муаллиф то хол кимати илми ва амалии худро гум накардаанд, бо вучудн он ки маънои ин гуна истилох дар тули асрхо тагьир ёфтааст ва холо мафхуми нисбат ба пештара каму беш фарккунандаро ифода менамоянд.

Macаслан, «Илми такриз, ки он иборат аст аз донистани кайфияти иншои шеър ва мавокеъи сифоти лоика ба хар тоифа ва хар маком. Ва «такриз» — дар асли лугат — мадх гуфтан аст шахсеро, ки зинда бошад ва хак ё ба ботил». Дакикназарии муаллиф ва вусъати маълумоти чамъкардаи у имкон медиханд, ки дарачаи илм дар асри 14, доираи васеи он, хусусиятхои мухимми он аз тарафи хонандаи хозира ва илми хозира муайян шавад ва бечунучаро доираи дониши хонандаро хеле васеътар менамояд.

Махсусан кисмати мусикии он барчастатарин сарчашмаи хаттии илмию назариявии мусикии асримиёнагии форс-точик ба шумор ме­равад. Аз мукаддима ва панч боб иборат аст. Мукаддима аз таърихи илми мусики, таркибот ва хусусият­хои мухимми он бахс мекунад.

Боби I аз чор фасл таркиб ёфтааст. Фасли 1 «Дар таърифи савт ва кайфияти худуси он», фасли 2 «Дар нагма», фасли 3 «Дар асбоби хиддату сакил дар савту нагам», фасли 4 «Дар маънии лахн». Боби 2 «Дар нисбати истихрочи абъод ва маротиби он дар мулоимату мунофират» аз чор фасл иборат аст. Фасли I «Дар хисри нисб», фасли 2 «Дар маънии буъд, чамъ мулоимат ва мунофират», фасли 3 «Дар аксоми абъод», фасли 4 «Дар маротиби абъод аз чихати мулоимат». Боби 3 «Дар изофати абъод аз якдигар» аз се фасл тар­киб ёфта, фасли 1 «Дар маънии изофат ва фаслу аксоми он», фасли 2 «Дар маънии таксими буъд ба аксоми мутасови ва кайфияти амали он», фасли 3 «Дар нисбати ахбори таксими зуларбаъ аз абъоди лахни». Боби 4 «Дар баёни олоти алхон ва маънии достон» аз ду фасл: «Дар баёни олоти алхон» ва «Дар баёни хакикати парда, овоза ва таркиби шуъба» иборат буда, доир ба созхои мусикии нузхат, конун, чанг, най, аргунун, уд; тартиби пардаву тори онхо, «Дувоздахмаком», шуъбаю овозахои он бахс мекунад. Боби 5 «Дар икоъ ва адвори он» низ аз ду фасл: «Дар хадди икоъ ва азминаи икои ва аксоми он», «Дар таксими икоъ» иборат аст. Кисмати мусикии «НАФОИС-УЛ-ФУНУН ФИ АРОИС-ИЛ-УЮН» бештар характери ил­мию назарияви дошта, дар пешрафти назарияи мусикии асрхои минбаъда роли калон бозидааст

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …