Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУТОИБА

МУТОИБА

shuhiМУТОИБА, м у т о я б a (араби — шухи, хушгуи), тасвири ходисахои хандаовари хаёт, амалиёт ва фаъолиягти хазломези шахсони алохида дар адабиёти бадеи. Мутоиба бо хачв хеле каробат дорад, вале дар миёни хачву Мутоиба тафовут зиёд аст. Дар Мутоиба тамасхури тунду тез ва истехзо дида

намешавад. Ходиса ва вокеахои хандаовар нисбат ба хачв нармтар тасвир ёфта, дар маркази он шухи ва хушхоли бештар аст. Барои ханда ва хушхоли, хазлу шухии дилхушкунанда баъзе ходисахои мусбат, шахсони хубу маъруф низ кахрамони асари мутоибави карор меёбанд. Гарчанде иллатхои ичтимои ва чи-хатхои зишти одамон дар Мутоиба ба сурати зохиран хазлу зарофатгуй тас-вир ёбанд хам, максаду мароми нихони, хачви пушидае дар зимни он мавчуд хаст. Мутоиба чун як шакли тасвири бадеи дар адабиёти пешазинкилобии точик, дар эчодиёти Рудаки, Фирдавси, Сузании Самарканди, Саъдии Шерози, Убайди Зокони, Мушфики, Ахмади Дониш, Шохин ва дигар мавкеи намоёне дошт. Дар адабиёти имрузаи точик Мутоиба ба шакли латифа, хикоя, манзума ва песахои хурд навишта мешавад. Намунахои Мутоибаро дар асархои Садриддин Айни ва дигар шоиру нависандагони имруза дидан мумкин аст.

З. Ахрори.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.