МУРОФИА, м у р о ф а а, (араби даъво, додхохи), тартиби дидани корхои чинояти ва граждани. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР тартиби Мурофиаи чиноятиро Асосхои мурофиаи чинояти (1958), Кодекси Мехнати Чумхурии республикахои иттифоки, Мурофиаи гражданиро Асосхои мурофиаи граждани (1961), КМГ-и республикахои иттифоки муайян кардаанд. Мачмуи нормахои Мурофиаи чиноятии совети ба зуд ва пурра ошкор кардани чиноятхо, фош намудани гунахкорон ва таъмини татбики дурусти конун нигаронида шудааст, то ки хар як шахсе, ки чиноят содир кардааст, чазои аъмоли худро бинад, шахси бегунох ба чавобгарии чино- яти кашида нашавад ва махкум нагардад. Мурофиа бояд ба мустахкам гарди- дани конунияти сотсиалисти, пешгири ва решакан кардани чиноят, тарбия кардани мехнаткашон дар рухи бе каму кост ба чо овардани конунхои совети ва эхтироми коидахои хаёти чамъияти сотсиалисти ёрй расонад. Мурофиаи граждани зуд дидан ва дуруст хал кардани корхои гражданиро таъмин менамояд. Максади он мухофизати сохти чамъияти, системаи хочагии сотсиалисти ва моликияти сотсиалисти, мухофизати хукуку манфиатхои конунии гражданхо, корхонахои давлати, муассисахо, колхозхо ва дигар ташкилотхои чамъияти мебошад. Асоси принсипхои Мурофиа: конуният; татбики адолати суди факат аз тарафи суд; ошкоро будани мурофиаи суд; баробархукукии иштирокчиёни мурофиа; шифохи, бевосита, муттасил будани мурофиаи суди ва гайра мебошанд. Конунгузории Мурофиа принсипхои асосии аз тарафи органхои суди, тафтишоти _ва чустучуи дидани корхо, хукуку ухдадорихои иштирокчиёни мурофиа суди, тартиби ба далелхо баходихи, татбики чорахои эхтиёти, тартиби баровардани хукм, муайян ё хал кардани карори суд, эътироз ва такроран дидан, инчунин тарзи ичрои онхоро ба тартиб меандозад.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …