Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДАМИНИ МУСАВВИР

МУХАММАДАМИНИ МУСАВВИР

nophotoМУХАММАДАМИНИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафоташ номаъ-лум), мусаввир ва хушнависи охири асри 45 — аввали асри16 форс-точик. Мухаммадамини Мусавир дар Машхад таваллуд шуда, айёми чавониро дар хамон чо гузаронидааст. У хаттоти, катибанависи, чадвалкаши, наккоши ва мусаввириро хуб омухта, сипас барои такмили касбу дониш ба Табрезу Исфахон рафтааст. Мухаммадамини Мусаввир дар чадвалкаши махорати баланд дошта, дар афшонкори, халкори ва ороиши когаз низ устод будааст. Баъ¬ди чанде ба Бухоро рафта, дар коргохи мусаввирони он чо бо хамкории Авазмухаммади Мусаввир, Мукиммухаммад, Мухаммадсалим ва ХочагаДои Наккош чандин девони шоирони форс-точикро китобат карда оро додааст. Аз хунари у китобати ду нусхаи девони Камоли Хучанди, як нус¬хаи девони Саъди, Хофиз ва ороиши «Шохнома»-и Фирдавси, «Хамса»-и
Низоми бештар машхуранд. Мухаммадамини Мусаввир шогирдони бисёреро тарбия карда¬аст, ки машхуртарини онхо муаллифи тазкираи «Гулистони хунар» Ахмад ибни Мирмунши мебошад. Охи¬ри умр ба зодгохаш баргашта, дар он чо фавтидааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …