Маълумоти охирин

МОЛ

molМОЛ, махсули мехнат, ки барои конеъ гардондани талаботи инсон, фуруш ё мубодила истехсол карда мешавад. Мол дар истехсолоти моли вучуд дошта, муносибатхои истехсолии молистехсолкунандагонро инъикос мекунад.

Дар шароити таксими чамъиятии мехнат ва мустакилияти истехсолкунандагон махсули мехнат ба Молтабдил меёбад, ки ин боиси ба вучуд омадани молистехсолкунандагон мегардад. Дар формацияхои токапиталисти кисми асосии махсулот дар хочагии натурали истехсол гардида, вале хамчун Мол истифода намешуд. Дар давраи капитализм истехсолоти моли шакли асосии истехсолот гардид. Дар ин давра на танхо махсули мехнат, балки кувваи коргари низ ба Мол табдил ёфт. Мол арзиш ва арзиши истеъмоли дорад.

Характери духелаи мехнат, ки дар Мол тачассум меёбад, дар шароити хоччагии молии хусуси зиддияти бай­ни мехнати хусуси ва чамъиятии молистехсолкунандагон, зиддияти байни арзиши истеъмоли ва арзишро инъикос мекунад. Мехнати молистехсолкунанда хам конкрети ва хам абстракти аст. Мехнити конкрети ар­зиши истеъмоли, мехнати абстракти арзиши Молро ба вучуд меорад, дар байни онхо зиддияти дохили мавчуд аст. Арзиши Мол бо мехнати зарурии чамъияти муайян карда мешавад. Моле, ки дар шароити моликияти ху­суси истехсол карда мешавад, тамоми зиддиятхои истехсолоти оддии молии дар давраи капитализм бошад, истехсолоти молии капиталистиро тачассум менамояд. Моликияти ху­суси истехсоли махсулотро ба кори шахсии хар як сохибкор табдил до­да, молистехсолкунандагонро чудо мекунад, вале таксими чамъиятии мехнат ба моликияти хусуси харак­тери чамъияти медихад. Зиддияти байни мехнати хусуси ва чамъияти дар зиддияти байни мехнати конкре­ти ва абстракти, арзиши истеъмолию арзиш зухур меёбад. Дар шаро­ити хукмронии моликияти хусусии капиталисти ба воситахои истехсо­лот зиддияти он дар душвории фу­руш, бухронхои барзиёд истехсол, дар муборизаи ракобати, ки боиси хонахаробшавии истехсолкунандагони майда ва бойшавии моликиятдорони калон ва монополияхо меша­вад, дар тезутунд шудани зиддиятхои ичтимоию иктисоди зохир мегардад. Истехсолоти моли дар дав­раи социализм низ вучуд дорад. Мол дар чамъияти социалисти низ арзиши истеъмоли ва арзиш дорад ва хусусияти духелаи он махз дар хамин аст. Дар давраи социализм Мол махсули капитал нест ва барои мубодилаи стихияви пешбини нашудааст. Мол дар давраи социализм мувофики план ва бо мехнати коллективона барои конеъ гардонидани талаботи чамъият истехсол карда ме­шавад. Мол дар давраи социализм ха­рактери чамъияти дорад. Аз ин ру талаботи ба Мол доштаи чамъият ба молистехсолкунанда то фуруши махсу­лот маълум аст, чунки иктисодиёти социалисти ба моликияти чамъияти асос ёфта, мувофики план таракки мекунад. Фуруши Мол дар давраи социализм зарурати Молро дар чамъи­ят нишон медихад, яъне мехнат, ки барои истехсоли махсулот сарф ме­шавад, на танхо мехнати конкрети, балки мехнати абстракти, чамъияти низ мебошад. Мехнати абстракти арзиши Молро ба вучуд меоварад, ки он дар давраи социализм асоси мубодилаи махсулоти байни корхонахои социалисте, аз давлат харидани Мол ва г-ро ташкил медихад. Дар чамъияти социалисти зиддияти байни арзиши истеъмоли ва арзиш характери антогонисти надорад. Сабабхои ин зиддият дар он аст, ки дар планхои истехсоли талаботи чамъият ба Мол на хама вакт аник ва пурра ба хисоб гирифта мешаванд, корхонахо талаби истеъмолкунандагонро конеъ намегардонанд, махсулоти сифатан паст истехсол мекунанд ва г. Азбаски барои истехсоли Мол мехнати хам конкрети аз хам абстракти сарф мешавад, зиддияти байни арзиши истеъмоли ва арзиши Мол антаголисти набуда, бо муайян кардани таносубхои дурусти истехсол ва фуруши махсулот дар ифодаи натурави ва хам арзиши хал карда мешавад. Барои осонтар ва пурра конеъ гардонидани талаботи моддию мадании мехнаткашои сифати махсулот ахамияти калон дорад ва роли арзиши истеъмолии Мол бештар меафзояд. Дар давраи коммунизм Мол хамчун категория аз байн меравад.

Ад.: Маркс К., Капитал, т. 1—-3,

М , 1955; Ленин В. И., Дар бораи масъала» бозорхо. Ас., ч. Г, Таранки и капитализм дар Россия, Ас., ч. 3, Карл Маркс, Ас.. Ч. 21; хамон муалл, На­каз за СТО (Совети мехнат ва мудофиа) ба муассисахои махаллии совети, Ас., Ч. 32.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.