Маълумоти охирин
Главная / Илм / «МОЛНИЯ»

«МОЛНИЯ»

molniya«МОЛНИЯ», номи як силсила радифони маснуи Замин (РМЗ), ки дар СССР барои ретрансляцияи барномахои телевизиони, алокаи дури телефонию телеграфи, инчунин радиоалокаи фототелеграфи таъин шудаанд ва ба таркиби системаи радиоалокаи дури кайхонии «Орбита» дохиланд. Якчанд навъи ин РМЗ-хо («Молния-1», «Молния-2», «Молния-3» ва «Молния-1 С») cap дода мешаванд. РМЗ-и «М-1» ба таври муттасил аз соли 1965 истифода мешаванд; онхо бо ретрансляторон бортие таъминанд, ки дар диапазони мавчхои дарозиашон дециметри (800—1000 МГ ц) кор мекунавд. РМЗ-и «М-2» аз соли 1971 cap карда, мувофики программаи инкишофи минбаъдаи системаи алока бо РМЗ cap дода мешаванд; онхо бо ретрансляторхои бортие таъминанд, ки дар диапазони мавчхои дарозиашон сантиметри кор мекунанд. РМЗ-и «Молния» ба мадорхои синхронии эллипсие бароварда мешаванд, ки эксцентрвситети калон доранду авогеяшов дар болои Нимкураи шимоли вокеъ гердидеест. Баландии апоген онхо такрибан 40 хазор км, баландии перигеяшон 460—630. км, тамоюли мадорашон нисбат ба хамвории экватор 62,8—65,5°, даври гардишашон такрибан 12 солро ташкил медихад. Хангоми мавчудияти ин гуна мадорхо барои пунктхои ахолинишини СССР ва дигар мамлакатхои Нимкураи шимоли алокаи давоматашон то 8—10 сеанс додан мумкин аст.

Системаи иборат аз се РМЗ, ки ба чунин мадор бароварда шудаанд, алокаи бефосилаи шаборузиро таъмин мекунанд. Хангоми cap додан «Молния» якчоя бо зинаи охирини ракетаи баранда ба мадори пасти РМЗ пешаки бароварда мешавад; сипас мухаррики ракетии зинаи охиринро ба кор андохта, ба зинаи охирин суръати иловагие медиханд, ки он барои ба мадори асоси баровардани «Молния» имкон медихад. Андозахои «М-1» чунинанд: дарози, такрибан 4,4 и, диаметри корпус 1,4 м, пахноии Якхелхои батареяи офтоби 8,6 м. кисми асосии аппаратура ва тачхизот дар корпуси гермети чойгир аст. Системаи ориентация дар рафти парвоз ру ба Офтоб вигаронядани батарейхои офтоби ва ба суи Замин нигаронидани яке аз антеннахои параболиро муттасил таъмин мекунад. Барои танзими мавкеи хати парвоз нисбат ба мадорхои муайяни Замин ва тагйири вакти сеансхои алока системаи коррекцияи мадор хизмат мекунад. «Молния»-хо аз 6 панели батареяхои офтоби энергия мегиранд (панелхо баъди аз ракетаи баранда чудо шудан кушода мешаванд). Комплекси василахои радиотехникии борти параметрхои мадорро чен, радиоамрхоро аз Замин кабул мекунад ва ахбори телеметриро дар бораи кори системахои борти ба Замин мефиристанд. Сеансхои алока автомати (аз руи амрхои тачхизоти борти) ё аз руи амрхои бо хати радио аз Замин оянда идора карда мешаванд. Аввалин РМЗ аз силсилаи «М.-1» 25 апрели 1965 cap дода шуд. Бо cap дода шудани радифи дуюмини силсилаи «М-1» (14 октябр 1965) истифодаи тачрибавии системаи алокаи дури телевизиони ва телефони-телеграфии дутарафа огоз ёфт. Радифи сеюми силсилаи «М.-1» (25 апрели 1966 cap дода шуд) гайр аз ин, ба тарной хамкории байналхалки барои мубодилаи барномахои телевизионии байни Иттифоки Совети ва Франция, аз он чумла мубодилаи барномахои телевизиони ранга аз руи системаи «СЕКАМ», истифода шуд. Бо ёрии аппаратурахои телевизионии бортие, ки дар РМЗ-и «М-1» гузошта шудаанд, аз мохи май 1966 cap карда барои ба даст овардани информацияи метеорологи дар бораи таксимоти абрхо ба замин тасвирхои фотографии аз баландихои 30 хазор км ва зиёда аз он гирифташуда ба Замин фиристода мешаванд. Соли 1967 тасвири телевизионии рангаи Замин 1 аз кайхон хосил карда шуд. Соли 1974 I навъхои нави ин силсилаи РМЗ «Молния» 1 3» ва «Молния-4» cap дода шуданд. Пераметрхои мадори «Молния-З» ба переметрхои мадори «М.-l» наздик аст. «М-1С» бошад, мадори квазистеционери дорад. То 1 январи 1981 79-то РМЗ-и; силсилаи «Молния» cap дода шудаанд, ки алока ва намоишхои мунтазами телевизиониро дар саросери терр. СССР ва дигар мамлакатхо таъмин мекунанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …