Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАКАХОИ МУЪТАДИЛ

МИНТАКАХОИ МУЪТАДИЛ

МИНТАКАХОИ МУЪТАДИЛ, ду минтакаи географии Заминро гуянд, ки дар Нимкурахои шимоли (такрибан дар байни 40° ва 65° а. ш.) ва чану­би (дар байни 42° ва 58° а. Ч.) вокеъ гардидаанд (ниг. харитаи Минтакахо ва зонахои географии Замин, % 2, сах. 448—449). Кариб  хиссаи масохати Заминро фаро гирифтаанд. Дар Нимкураи шимоли 55% масохати Минтакахои муътадилро хушки ва дар Нимкураи чануби 98% онхоро укёнус ташкил медихад. Хусусияти асосии Минтакахои муътадил дар ин аст, ки вазъи обу хаво ва режими харорати ин минтакахо дар фаслхои муайяни сол тагйир меёбад ва ин боиси хаёти мавсимии наботот ва дигар процессхои биохимияви, геоморфологи ва гидрологию иклими мегардад. Баланси радиационии солона дар хушкихои Нимкураи шимоли 83,7—167,5 к^/м2, чануби 125,6—167,5 кЦ/м*, дар укёнусхо мувофикан 83,7—251,2 кЧ/ма ва 125,6-251,2 кЧ/ма. Харорарти миёнаи моххои хунуктарини хушки дар Нимкураи шимоли аз 6 то — 50° С, чануби аз 2 то 8° С, дар укёнусхо да 10 то —8Р С ва аз 2 то 10° С; харорати моххои гармтарини хушки дар Нимкураи шимоли аз 10 то 2841, чануби аз 8 то 20° С; дар укёнусхо мувофикан аз 8 то 20° С ва аз 8 то 16* С. Боришоти солона дар кисми зиёди Минтакахои муътадил аз 500 то 800 мм, дар канори континентхо то 1000—2000 мм, дар нохияхои чануби дохиликонтиненти то 100—200 мм кам мешавад. Дар ин чо кулхо нисбат ба дигар мин­такахо бештаранд.

Дар кисми зиёди Минтакахои муътадил хоки хокистаррангу буртоби бешаги ва каму беш сисёххоку чигарранг ба на­вар мерасад. Набототи Минтакахои муътадил: тайга (бештар ботлоки ва бешахои омехтаи сузанбаргу пахнбарг). Олами хайвонот — асосан хайвонхои бе­шаги.

Кисми хушкии Минтакахои муътадил ба се сектор чудо мешавад: гарбии наздиукёнуси, дохил иматерики ва шаркии наздиукёнуси. Иклими сектори гарбии наздиукёнуси мулоими сернам. Барфхо дер намехобанд. Дарёхояш сероб. Бешахои дарахтони сузанбарг ва пахнбарг мавчуданд. Хокаш бур ва хокистарранги бешаги. Иклими сектори дохили материкии Нимкураи ши­моли—континенти, зимистон хунуки сербарф (махсусан дар Шимол), то­бистон гарм. Заминаш яхбаста. Дар ин сектор зонаи бешахои минтакаи муътадил, зонаи бешадашти муъта­дил, зонаи даштхои минтакаи муъ­тадил, зонаи нимбиёбони муътадил ва зонаи биёбони минтакаи муъта­дил паи хам чойгир шудаанд. Ба сектори шаркии наздиукёнуси ландшафта зонаи беша ва иклими муссонии циклони хос аст. Дар хамвори ва пасткуххо бешахои сузанбарг, омехта (дар ч) ва пахн­барг вомехуранд. Хокаш хокистаррангу бур. Дар баландкуххо ландшафти бешатундра пахн гаштааст. Кисми зиёди Минтакахои муътадил, махсусан секто­ри наздиатлантикии Европа ва Аме­рикаи Шимоли, инчунин нохияхои дашту бешадашти дохилнконтиненти аз худ карда шудаанд. Олами хайвоноти укёнусхои Минтакахои муътадил бой аст. Аз % хиссаи мохидории бахрии чахон (щурмохи, равганмохи, палтус, суфрамохи, сайда, сардина, скумб­рия) ба Минтакахои муътадил рост меояд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.