Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИЦИЗМ

МЕХАНИЦИЗМ

mekhanicizmМЕХАНИЦИЗМ, методи яктарафаи маърифати олам, ки тамоми ходисахои табиию чамъиятиро аз харакати механики маънидод кардани мешавад. Имтидоди мантикии ин акида мохиятан ба инкори гуногуншаклии ходисоти табиат ва чамъият оварда мерасонад.

Механицизм асрхои 17—18, вакте ки механика ягона илми мутаракки буд, дар афкори илмию материалисти макому нуфузи калон пайдо кард. Намояндагони классикии М. дар табиатшиноси Г. Галилей, И. Ньютон, П. С. Лаплас ва дар фалсафа Т. Гоббс, Ж. Ламетри, П. Гольбах эътироф шудаанд. Намояндагони номии Механицизм дар асри 19 Л. Бюхнер, К. Фохт, Я. Молешотт, Е. Дюринг буданд. Тадкики яктарафаю механистии ходисахои табиату чамъиятро Б. Спиноза, Г. В. Лейбниц, кисман Д. Дидро танкид кардаанд. Г. Гегель (истилохи «Механицизм» низ ба калами у мансуб аст) зимни таъбири диалектиконаи вазифа ва табиати тафаккур Механицизмро хамчун як методи аслан яктарафа, вале таърихан асосноки тафаккур бартараф («сокит») кард. Гегель «Механицизм»-ро танкид карда норасогихои онро умуман ба материализм низ нисбат медод. Гегель «… мехост бо сифати «механики» материализмро паст занад. Аммо гап дар сари он аст, ки материализми аз тарафи Гегель танкидиву. да — материализми франсавии асри 18 —дар хакикат хам сирф механики буд. (Энгельс Ф., ниг. Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., 2 изд., т. 20 с 568-09).

М. зинаи гузаштаи таърихи фалсафаи материалисти буда, хамагуна кушиши аз сари нав инкишоф додани он дар замони хозира аз назари илми кадаме ба акиб аст. Беасосии М. хусусан дар масъалахои тафаккур, шуур ва хасти зохир мешавад. Дар таъбири масъалаи мазкур Механицизм заминаи витализм, телеология ва идеализм мегардад.

Механицизм хамчун мавкеи фалсафи зухури методи метафизикии тафаккур аст, ки аз ухдаи бартараф кардани зиддият баромада наметавонад. Хангоми бо чихатхои мухталифи ашьё сару кор доштан Механицизм хамеша яке аз онхоро ё ихтисор мекунад (мас., сифатро ба ивази микдор) ва ё аз чихати дигар бартеру бархак медонад. Механицизм харакатро на хамчун худхаракатии материя, балки натичаи таъсири кувваи беруна ва аз ин ру материяро низ чун моддаи мурту бехаракат мефахмад.

Материализми диалектики дар зимни чамъбасти интикодии маълумотхои илми собит намуд, ки харакати механики факат як тараф, як чихати харакати материя буда, дар силсилаи маротиби шаклхои харакат чои муайянро ишгол мекунад ва аз ин ру онро ягона асосу воситаи дониши табиату чамъият донистан хатост.

Ад.: Эвгельс Ф , Анти-Дюринг, Д., 1975; Гегель Г. В. Ф. Наука Логики, т. 1—3, М., 1970—72: Вислобоков А. Д., Марксистская диалектика и современный механицизм, М., 1962.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …