Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАТРОН Шарафуазамони Табрези

КАТРОН Шарафуазамони Табрези

КATPOH Шарафуазамони Табрези (такр. 1013, Шодиободи Табрез —1083), шоири озари насли форс-точик. Дар зодгохаш тахсил карда, пас аз касби камол ба шеърнависи cap кардааст. Муддате дар хидмати хукмрони Ганча буд. К. бо Носири Хисрав, ки 28 авг. 1046 ба Табрез расид, мулокот кардааст. Бино ба маълумоти Носири Хисрав К. «шеъре нек мегуфт, аммо забони форси неку намедонист», пеши вай омада, девони Мунчику Дакикиро мехондааст ва «дар маъни уро мушкил бувад» аз у пурсида, шархашро менавиштааст. У пайваста девонхои шоиронро азбар намуда, тамоми лугат ва шархи маънихоро бо пурсучу омухта, барои худ лугатномае бо унвони «Тафосир фи-л-лугот-ил-фурс» тартиб додааст. Дар натичаи чунин омузиш услуби зимнию дохилии шеъраш бо услуби мактаби шеъру шоирии Рудаки ва муосирони у хеле наздик ва хатто монанд гардидааст. Ба ин сабаб пас аз ноёб шудани девони Рудаки ашъори К.-ро ба у нисбат додаанд ва с. 1897 дар Техрон ба унвони «Девони Рудаки» китобе чоп шуд, ки асосан аз ашъори К иборат аст. Холо дар илми адабиётшиноси ин масъала то андоазе равшан гардида, мероси К. ба номаш мукаррар шудааст. Девони ашъори К. аз касоиду таркиббанд, китъаву газал ва рубои иборат аст. Аксари касоиди у равону содда суруда шуда, шоир ба мавзуъхои ахлокию ичтимои диккат додааст. Дар баъзе касоиду китаоташ ба такаллуф ва санъатхои лафаи эътибор додааст.

А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.