Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАСРИ СЪЕЗДХОИ КРЕМЛЬ

КАСРИ СЪЕЗДХОИ КРЕМЛЬ

КАСРИ СЪЕЗДХОИ КРЕМЛЬ, калонтарин бинои чамъиятист барои гузаронидани мухимтарин чамъомадхои партияви, давлати, чамъияти, байналхалки. С-хои 1959—61 дар худуди Кремли Москва буньёд шудааст. Барои ба лоихагири ва сохтани К. с. К. муаллифони он М. В. Посохин, А. А. Мидоянц, Г. Н. Львов, А. Н. Кондратьев, Е. Н. Стамо, П. П. Штеллер, И. И. Кочетов сазовори Мукофоти ленини (1962) шудаанд.

Дар арафаи Съезди 22-юми КПСС расмаи кушода шуд (17 окт. 1961).

kasri-s-k

К. с. К. инчунин ба сифати сахнаи дуюми Театри Калонн СССР ва намоиши барномахои театри истифода мешавад. Шакли бино росткунча (120X70 м), андозаи умумиаш 40 хазор м3, зиёда аз 15 метри он дар зери замин чой гирифтааст. Намои иморат аз бурчхои сафеди мармарини байнашон оинабанди иборат аст.

Дар пештоки даромадгохи асоси герби зархалии СССР (аз руи ангораи хакалтароши А. Зеленский) насб шудааст. Зали К.с К. 6 хазор чой (мувофики техникаи навтарини акустики чихозонида шудааст), 7 хаз. репродуктор, 4500 чароу чандил дорад. Девор ва сакфаш бо масолехи садонишон рукаш шудаанд. Дар ин чо матни баромадхоро ба 30 забон мешунавонанд. Пардаи зали мачлисгохро намояи зарроби бо портрети В. И. Ленин (аз руи асари Д. А. Мыльников хунармандони латвияги бо рохбарии X. М. Рысин офаридаанд) оро медихад. Дар толор зиёфат 4500 одам чой мегирад. Нижвони хотамкории дахлези асоси ва эмблемахои хотамкории намохои зали зиёфат асархои рассом А. А. Дейнека мебошанд. Композицияи мукаммал, усули чадид ва андозаи мухташаму дар айни замон одди бо фазои фарохи андаруни бнно мувофик афтода, шукуху салобати онро меафзоянд. Дар К. с. К. съездхои КПСС, ВЛКСМ, Иттифокхои касабаи СССР, кинофестивалхои байналхалки ва диг. чорабинихои мухимми байналхалки баргузор мегарданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.