Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ФУТУВВАТ

ФУТУВВАТ

ФУТУВВАТ (араби — чавонмар, ди, сахо, карам), як чараёни ичтимоию сиёси, ахлокию дини ва идеологию фалсафист, ки манфиатхои синфии табакахои гуногуни хунармандонро ифода мекард. Дар даврап аввали феодализм ба вучуд омада, аз таълимоти монавия ва маздакия гизои маънави гирифтааст.
Асрхои 4—6 давраи тараккии шахрхо ва дар хаёти чамъиятии Шарки Миёна ва Наздик нуфуз пайдо кардани табакаи хунармандон буд. Дар ин давра хунармандон барои мубориза ба мукобили синфхои доро ва эмин будан ва истилои ачнабиён ташкилоти косибии худро таъсис намуданд, ки футуват ном гирифт.
Футуват то истилои араб вазифахои соф хочагидориро ичро карда, дар асрхои 7—40 ба ташкилоти хунармандию харби мубаддал шуд. Он асрхои 10 —14 ба дарачаи олии инкишофи худ расида, то ба дарачаи чараёни ичтимоию сиёси ва ахлокию фалсафи ташаккул ёфт.
Мувофики таълимоти футуват, фалсафа дарачаи олии инкишофи тафаккури назари ва омили боэътимоди дарки хакикат аст. Аз руи таълимоти футуват, олам реали буда, новобаста аз кувваи фавкуттабии инкишоф моёбад. Футувват мавчудияти оламхои зиёд, сайёра ва ситарагонро эътироф карда, зиндагонии одамонро дар онхо хатми мешуморад. Футувват на замин, балки сайёра фазоеро маркази кайхони медонад, ки дар он худо маскан дорад.
Гояхои ичтимоии таълимоти футуват мохияти прогрессиви доранд. Одамон аз руои ба дунё омадан нисбат ба якдигар баробаранд, аз ин ру, онхо бояд тарзи хабтеро интихоб кунанд, ки шарафу хиради инсониро паст назанад. Идеали ичтимоии футуват чамъиятест, ки дар асоси принсипи бародари бунёд ёфтааст. Футуват мафхуми бародариро ба ду маъно таъбир кардааст: аввалан, бародарии хуни, ки зинаи поёнии бародари буда, дар он одамон баробар нестанд; сониян, бародарии касбию ичтимои, ки марому максади ягонаи ичтимоию сиёси одамонро муттахид мекунад.
Таълимоти футуват оид ба бародари ва баробари хусусияти хаёли дорад. Чунки он на баробарию бародарии ичтимои, балки баробарию бародарии рухию маънавии одамонро таргиб мекард. Футувват таърихи чамъияти инсониро ба ду давра — чохилия ва окилия таксим мекунад. Дар давраи аввал инсон аз сабаби сустии хирад ва баландии хирс хукуки озодии ирода надорад. Аз ин ру, худо барои тарбия ва хидояти инсон пайгамбаронро мефиристад. Давраи дуюм аз фаъолияти Мухаммад сар мешавад ва инсон дар рафтору кирдораш мустакил мегардад. Мохияти таълимоти ахлокии Футувват аз баробари ва бародари дар назди худо, хайрхохи, мадади хамдигар, бурдбори, чиход, чазо додан ба золим, дастгирии беваю ятимон иборат аст. Футувват хамчунин рухи гуманистиро ташвик карда, барои амали шудани онхо мубориза бурдааст. Сарварони чунбишхои халки — Абумуслими Хуросони, Муканнаъ, Яъкуб ибни Лайс, Махмуди Тороби ва дигар аз ахли Футувват буданд. Дар таълимоти Футувват васфи мехнат макоми хос дорад. Аз чумла гуфта шудааст, ки инсонро худо офарида, барои зиндаги кардан ба у акл додааст. Мехнат хиради бахаракатомада, давоми фаъолиягги эчодии худост, ки ба инсон интикол шудааст. Бинобар ин Футувват мехнатро аз ибодат ба худо авлотар дониста, зухдро рад намудааст. Масъалахои дини низ дар таълимоти Футувват мавриди мухокима карор гирифтаанд.
Баъзе мухаккикон, аз кабили М. Ризохон, М. П. Байзови, М. Сарор, Г. Торнинг футувватро чузъи тасаввуф мехисобанд. Аммо дар асл футувват нуктаи мухимтарини суфия — «вахдати вучуд»-ро рад карда, танхо маърифати хакикати реалиро пазируфтааст. Футувват аз чор зинаи маърифати тасаввуфи танхо тарикатро эътироф мекунад. Футувват хамеша бо тасаввуф робитаи кави дошт; бисёр шайхони тасанвуф аз ахли хунар буда, одатан, то давраи ба тасаввуф руй овардан аъзои Ф. буданд. Дар кори ба хам наадикшавии тасаввуф ва Ф. оахми Алии Хамадонй (асри 13) ва Чалолуддини Руми калон аст.
3. Вазиров.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …