Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / Дастаи «ПОМИР»

Дастаи «ПОМИР»

«ПОМИР», командан яккачики футболбозони Точнкистон (лигап 1- ум). Дар базаи командахои «Колхозчи» (1955—1956, тренери калони ко­манда И. В. Кочетков) ва «Хосилот» (1957—1959, тренери калони ко­манда Ю. В. Ефремов) ташкил ёф­тааст. Аз соли 1960 команда дар чем­пионати футболбозони мамлакат (дар класси «Б») бо номи «Энергетик» бози мекард. Дар ин солхо коммандаро Э. Ф. Коробов ва Н. Г. По­тапов машк медоданд. Соли аввал «Энергетик» дар байни 16 команда чои 6-умро гирифт. Аз соли 1964 фут­болбозони точик дар хайати устодони лигаи якум бозб мекунанд.

fc-pamir

Соли 1969 «Помир» аз байни 21 команда чои 4-ум-ро гирифт. Соли 1970 команда чои «Помир» ро гирифт. Хамон сол «Помир» (тренери калони команда В. Б. Алякринский) дар мавсим бомуваффакият бози карда, байни 21 коман­да чои 7-умро ишгол намуд; ба 11 нафар футболбозон (В. Ананин, П. Кириленко, В. Королёв, В. Макаров, Ю. Пекшев, Ю. Ринков, С. Султонов, Ю. Федоров, О. Хаби, Ф. Тсерр ва В. Гуломхайдаров) бори аввал унвони Устоди спорти СССР дода шуд. Солхои 1970—1971 «Помир»-ро тренерон И. В. Ларин, 1972—1973 А. Л. Алиаскаров, 1976—1978 И. И. Секеч машк доданд. Ба мавсими соли 1979 командаи «Помир»-ро Тренери Хизматнишондодаи РОС Точикистон М. И. Тунис тайёр кард. Соли 1977 «Помир» дар лигаи 1-ум бози карда, ба комёби ноил гардид. Вай дар чемпионати хамонсола тахти рохбарии И. Й. Секеч кушиши зиёд ба кор бурда, чои 5-ум- ро (аз 20 командаи дигари лигаи 1-ум) ишгол кард. Дар чемпиоиати футболбозони СССР соли 1979 бозингарони «Помир» чои 3-юмро (аз 20 коман­да) ба даст оварда, дар таърихи футболи точик бори аввал медали хурди биринчии чемпионатро сохиб шуданд. «Помир» дар мамлакат ягона командае мебошад, ки дар лигаи 1-ум (яъне аз руи дар ин лига бози кардан) бефосила баромад мекунад. Дар пешрафту такомули спортии футболбозони «Помир» тренерон Ю. Вохидов, М. Тунис, О. Хаби ва дигарон хиссаи калон гуаоштаанд.

Г. Паничкин, К. Клеймнан.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …