Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Биёбони РЕГИСТОН

Биёбони РЕГИСТОН

registon-b

РЕГИСТОН, биёбони регзорест дар шарки кухсори Эрон, дар чануби Афгонистон. Биёбонро аз Чануб куххои Чагай, аз Шарк шохахои куххои Макрон ихота кардаанд. Худуди гарби ва шимолии Регистон аз дарёи Хилманд мегузарад. Масохат кариб 40 хазор километр2. Сатхи биёбон хамвор буда, аз Шарк ба Гарб тадричан (аз 1500 метр то 800 метр) паст мешавад. Дар ин чо катортеппахои реги, талхои реги, талхои реги равон — барханхо (баландиашон то 60 метр) бисёранд. Иклим субтропикаи хушк, континенти. Боришоти солона такрибан 100 миллиметр. Наботот (бештар явшон ва растанихои эфемери) хеле сирак меруяд. Дар водии дарёхо ва домани куххо баъзан вохахо ва дар мачрои дарёхои калон тугайзорхо вомехуранд. Кад-кади канори шимолии Регистон рохи автомобилгарди Кандахор (Афгонистон)—Кветта (Покистон) мегузарад. Аксари ахолии ин чо кучманчи буда, бо чорводори (бузу гусфанд ва шутурпарвари) машгул аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …