Маълумоти охирин

БОЗИ

boziБОЗИ, яке аз намудхои асосии фаъолияти чисмию зехни, ки дар инкишофи хамачонибаи фардии бачахо мухим аст. Дар Бози талаби ба олами атроф таъсир расонда­ни кудак зохир гардида, сифатхои фикри, ахлоки ва иродавиаш ташаккул меёбанд. Бози дар кудак хамчун шакли баамалбарории фаъолият хидмат менамояд. Амалхои Бози дар кудакон дар натичаи таклиди онхо ба рафторхои калонсолон хангоми муошират ташаккул меёбанд. Бозихо бештар хусусияти коллективи доранд. Дар Бозихои дастачамъи коллективи бачахо ба вучуд омада, сифатхои дусти ва хамкории онхо инкишоф меёбад. Бозихои гуногуни серхаракат ва дидактики ба дарки сифатхои алохидаи ашё, инкишофи мушохидакори, хулосабарори ва дигар тарафхои фаъолияти фикри мадад мерасонанд. Кудак дар Бози хусусиятхои барояш номаълуми ашёро дониста, тадричан ба дарки таъсири байнихамдигари ва вазифаи ашё мерасад. Хамаи Бозихои дастачамъона, ки ичрои онхо риоя кар­дани коидаи муайянро талаб мекунад, ба тарбияи ирода ва талабхои умум итоат кунондани махорати бача ёри мерасонад. Мазмуни Бози бо ин­кишофи кудак низ тагйир ме­ёбад. Дар синни хурди мактаби бачахо ба сифатхои часоратноки, пуркуввати, чолокии одамон таклидкунон бози ме­кунанд. Дар синни миёнаи мактаби (хусусан дар 11-14-солаги) Бозихои дорои маз­муни романтикию кахрамони ахаммияти бештар пайдо менамоянд. Дар ин синну сол Бозихо дар худтарбиякунии бачагон накши бузург мебозанд. Бозихо сужетнок, варзиши, дидактики, бинокори, конструктори ва гайра мешаванд. Бозихои калонсолон (масалан, варзиши) дар инкишофи шуури кудакон ва наврасон фаъолона таъсир мерасонанд. Бозихои таълими (кори, сужети-накши) низ мавчуданд, ки солхои охир дар раванди омузиш васеъ истифода мешаванд ва дар худ хусусиятхои фаъолияти ози. ва таълимиро низ тачассум мекунанд.

Адабиёт: Лугати тафсирии истилохоти педагогика. Душанбе, 1988; Кодиров К. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. X. Вожанамаи тафсирии истилохоти психологи ва педагоги. Душанбе, 2008.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …