Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЗИИ БАРКОСО

БОЗИИ БАРКОСО

blitzБОЗИИ БАРКОСО, блитс (аз олмони Blitz – барк), як навъи бозии шохмот, ки хангоми он бар хилофи бозихои маъмули ва расми (1-3 соат тул мекашад) барои хар тараф аз 3 то 5 дакика вакт дода мешавад. Кавонини ин бози маъмулиянд, ба чуз чанд вижагии мукарраршуда. Нахустин мусобикаи Бозии баркосо дар яке аз клубхои шохмоти Лондон (1897) доир шудааст, ки он замон барои андеша ба хар гашт 30 с пешбини мешуд. Такмили тадричии соатхои шохмотбози ба низоми нави Бозии баркосо мусоидат кард. Бисёре аз чемпионхои шохмоти чахон ва дигар номоварони ин хунар, аз кабили А. Алёхин, X. Капабланка, Э. Ласкер, М. Тал, Т. Петросян, Б. Фишер ва дигарон дар Бозии баркосо мумтоз буданд. Соли 1945 гроссмейстери амрикои Райбен Файн дар баробари 4 тахта ба бозии хамзамонии чашмбаста нишаст (барои хар харакат 10 с) ва бар хама, аз чумла бар гроссмейстари ояндаи шохмот Р. Брин пируз шуд. Рочеъ ба ахаммият ва арзиши Бозии баркосо назари коршиносон мухталиф аст. Яке (масалан, М. Тал) арзиши онро дар дина­мизм ва чаззобият бинад, дигаре (масалан, М. Ботвинник) Бозии баркосоро аз лихози бархурди эчоди камсамар мешуморад. Бозии баркосо дар чахон равнак дорад, дар чандин кишвар чемпионатхои милли доир мегарданд. Нахустин голиби чемпионати гайрирасмии чахон оид ба Бозии баркосо М. Тал мебошад.

Адабиёт: Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва 1990.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.