Маълумоти охирин

БОША

boshaБОША (Accipiter badius), як навъ парандаи сохибчанголи аз боз хурдтар. Дарозии танааш 30-38 сантиметр, вазнаш 190-300 грамм; Бошаи модина калонтар аст. Боли кутоху думи дарози Боша барои дар байни дарахтон зуд парвоз кардан мутобик шудааст. Пархои тахтапушти Боша хокистарранг, пархои шикамаш сафедча буда, накшхои зарди сурхтоб доранд. Минкору чанголаш сиёх; чашмонаш сурхча, пойхояш куто­ху гафс, бакувват. Дар дарахт лона сохта, 3-5 тухми якранг ё догдор мегузорад. Тухмро одатан Бошаи модина мехобонад. Ба чучахо хар ду чинс гизо медиханд. Боша хояндахои майда, парандахо, калтакалос, баъзан обхокихо, хазандахо, хашарот (малах, парвона ва гайра)-ро дошта мехурад. Дар чануби Аврупо, Осиёи Чануби, Афгонистон, Эрон, Африко, Крим, Кафкоз ва Осиёи Маркази пахн шудааст. Дар Точикистон дар сохили дарёхои Сир, Зарафшон, Бадахшон, Кофарнихон, Сурхоб, поиноби дарёи Панч дучор мешавад.

Адабиёт: Абдусалямов И. А. Фауна Таджикской ССР. Т. 19. Ч. 1. Птицы. Душанбе, 1971; Гаврилов Э. И. Фауна и распространение птиц Казахстана. Алмаато, 1999.

И. Абдусаламов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.