Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙСУНГУРИ Чаъфар ибни Алии Табрези

БОЙСУНГУРИ Чаъфар ибни Алии Табрези

imagesБОЙСУНГУРИ Чаъфар ибни Алии Табрези (номаълум), хаттоти форс-точик, яке аз нахустин устодони хатти настаълик дар асри 15. Аслан аз мардуми Табрез буд, вале ба сабаби икомати тулони дар Хирот ба Хирави машхур шудааст. Баъдан аз Хирот ба Мовароуннахр сафар карда, се сол дар Балх монд, сипас ба Хоразм рафт, як сол дар Самарканд зиндаги кард ва дар Бухоро даргузашт. Бойсунгури аввал дар Табрез дар дарбори Мироншох ибни Темур ба сар мебурд. Баъд дар дарбори Шохрухи Темури тарбият ёфт, аз таваччух ва химояи шохзода Бойсунгур Мирзо бархурдор буд ва бо у хеши дошт. Лакаби дигараш «Айнулаъён» буд ва Султоналии Коини уро «Киблатулкуттоб» номидааст.

Бойсунгури дар кохи Чилсутуни Бойсунгур Мирзо китобат мекард ва сарвари чихил котиб ва хушнависи китобхонаи у буд. У дар ривочи хатти настаълик кушиши бисёр намуд ва дар андак муддате онро макбули хоссу ом кард. Вай ин хатро аз устодаш Мирабдуллох фарзанди Миралии Табрези (Хирави) омухт ва дар он аз устодаш низ бартар шуд. Шогирди мавлоно Шамсуддин (Муншии Куми) ва дар «хатти усул» шогирди Шамсуддин Кутобии Машрики буд. Бойсунгури бо он ки дар хатти настаълик шухрати бештар дошт, хатхои дигарро устодона менавишт. У бо тарбияи шогирдон дар анвои хатхо ба пешрафти хаттоти дар Эрон ёри дод. Шогирдони маъруфи у Азхари Табрези (дар хатти настаълик), Шайх Махмуди Зарин (дар хафинависи), Абдулхайи Муншии Астарободи (дар хатти таълик), Абдуллохи Таббохи Хирави (дар хатти усул саромад буд) буданд. Бойсунгури илова бар хаттоти шеър низ мегуфт. Осори барчомондаи у бархе дар Эрон ва кисми бисёрашон дар китобхонахои чахон махфузанд, ки мухимтаринашон инхоянд: «Шохномаи Бойсунгури» (дар музейи Кохи Гулистон, раками 4752), девони ашъори Хасани Дехлави, «Куллиёт»-и Хумоми Табрези (Китобхонаи миллии Порис), нусхае аз девони Хофизи Шерози (Осорхонаи осори исломи ва турк дар Истанбул), нусхае аз «Гулистон»-и Саъдии Шерози (хамон чо).

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.