Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФИ Хабиб

ЮСУФИ Хабиб

habib-yusufi

ЮСУФИ Хабиб (Юсуфов Хабибулло; 4. 2. 1916, Самарканд—22. 2. 1945, дехаи Вешнучи назди Варшава), шоири советии точик. Аз оилаи мударрис.

Ун-ти Самаркандро хатм кардааст (1940). Дар Ун-ти мазкур аз адабиёти кадими Юнон ва адабиёти а. 19 рус дарс гуфтааст (1939-40). С-хои 1940—42 мудири сектори адабиёт ва ходими илмии Ин-ти таърих, забон ва адабиёти Филиали точикистонии АФ СССР буд. Аввали с. 1942 ихтиёри ба сафи Армияи Cypx рафта, омузишгохи харбиро хатм намудааст. Марти 1943 дар рутбаи лейтенант ба сифати командири батареяи артиллери ба фронти Ленинград фиристода шуд. У дар набардхои озод кардани Ленинград, республикахои Наздибалтика ва Польша иштирок намуда, дар мухорибахои шадиди назди Варшава сахт мачрух шуда, пас аз чаррохати вазнин халок гардидааст, Ю. дар бораи адабиёти бадеи ва санъати шеър аввалин бор аз падараш маълумот гирифтааст. Шеърхои навмашконаи у дар 17-солагиаш ба майдон омадаанд, аммо нахустин намунахои онхо дар матбуоти даври с. 1936 ба табъ расидаанд. Солхои тахсил дар ун-ти пурмахсултарин давраи эчодиёти Ю. ба шумор меравад. Мачм. «Таронаи Ватан» (1939), ки ягона китоби ашъори шоир буда дар айёми зиндагии у интишор ёфтааст, махсули хамин давра мебошад. Шеъру достонхои Ю. дар мавзуъхои гуногун таълиф ёфтаанд. Дар ашъори у саодати занони совети ва бахти коргарони точик, нашри симои Точикистон, чудрати техникаи нав, мубориза барои сулх, дустии халкхо, макоми Партияи коммунисти дар пешрафтхои ичтимоию иктисоди ва мадани тасвир шудаанд. Aммо мавзуи асосии эчодиёти Ю. Ватан аст. Шеърхо ва силсилаи маколахое, ки Ю. дар тули 7—8 сол таълиф кардааст, аз мухаббати халку Ватан саршоранд. Дар ашъори у хиссиёти ватандустии совети бо рохи ифодаи ягонагии такдири тамоми мамлакати совети зохир гаштааст. Дар хар шеъри Ю. ягон чихати образи Ватан мавриди тасвир карор гирифта, бо охангу зада ва рухи чанговар, бо мазмуну гояи нав садо дода аст. Шоир дар. заминаи методи реализми социалисти на танхо имрузи Ватани советиро ба хуби дидааст, балки ояндаи дурахшони онро низ пеши назар оварда, чамъиятро дар инкишофи революциони дарк кардааст (шеърхои «Мухаббат ба Ватан», 1936; «Ба Ватан», 1937; «Мактуб аз Шарки Дур», 1938; «Ба хар кучот равем, дил диёри ман гуяд», 1938; «Дар шаъни хаёт», 1939 ва г.). Тасвири Ватани социалисти дар шеъри Ю. бо шаклхои гуногун сурат гирифтааст. Шоир гохо тавассути предметхои конкрет сухан ронда, дар мавриди дигар мафхуми образхои умумиро истифода бурдааст. Махсусан шеърхое, ки дар ибтидои Чанги Бузурги Ватани (1941—45) навишта шудаанд, хиссиёти ватандусти ва душманбадбинии уро дар шаклхои нав ифода кардаанд (шеърхои «Мухаббат ва хакикат», 1940; «Таърих дидааст», 1941; «Интиком», 1941»; «Мо ба душман зарбахои душманафкан медихем», 1941; «Аз хавою обу замин», 1941; «Ба гитлерзодагон амон нест», 1942; «Лахзаи хурсандии ман», 1943 ва г.). Шеъри «Мухаббат ва хакикат», ки дар васфи Партия ва сохти социалисти суруда шудааст, сухани тозае дар назми точик мебошад. Дар шеъри «Ман Ватанро беш аз харвакта дорам дусттар» чч калимоту таъбирот ва чч оханги пурхаячони тасвир, чи образхо ва шакл барои пуркувват баромадани фикр ва бурротар ифода кардани максад ёри расонидаанд.

Дар лирикаи Ю. духтари даврони совети «лаъли сухангуву кадди дилчу» дорад, «нигори мехнат» ва «гули навбахори мехнат» мебошад. Духтари точик дигар мутеу нотавон нест, балки сохиби фазлу дониш аст, дар халли мухимтарин корхои хочагии халк ва масъалахои сиёсию ичтимоии давр иштирок мекунад (шеърхои «Духтари хавопаймо», 1936; «Ба духтари мехнат», 1936; «Такья бар корат куни», 1936).

Ю. дар достонсарои низ кувваозмуда, ба баъзе муваффакиятхо ноил гардидааст. У яке аз муаллифони достони «Оби хаёт» (хамрохи С. Айни, М. Турсунзода ва А. Дехоти) мебошад. Аз архиви шоир «Достони нотамом»-е пайдо шудааст, ки дар он аз сулху салох, самараи социализм, тантанаи адлу хирад ва кудрати хастии инсон сухан меравад. Аз мактубхояш бармеояд, ки у ба навиштани як «романи манзум» низ шуруъ карда будааст, вале ба охир расидан ё нарасидани он маълум нест. Охирин шеъри Ю., ки холо ба даст омадааст, «Лахзаи хурсандии ман» ном дошта, дар архиви Ин-ти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АФ РСС Точ. махфуз аст. Ин шеър дар хандакхои фронти Ленинград таълиф шудааст ва хикояти пурхаячоне аз наздик расидани рузи Галаба мебошад. Ашъори Ю. шаклу вазни тозае дорад. Вай дар як маколаи худ гуфтааст, ки «дар масъалаи вазни шеъри як реформаи чидди ба вучуд овардан ва дар ин чо аз тачрибахои Пайрав Сулаймони фоида бурда, онро боз хам васеъ таракки додан лозим аст». У худ дар мисраъхои гуногуни як шеър чанд навъи вазн, зиёда аз он рукни махфуз ва рукни мактуи бахри хафифро баробар истифода бурдааст.

Як сохаи назарраси фаъолияти эчодии Ю. иштироки у дар накди шеър ва баъзе чихдатхои мухимми назария ва таърихи алокахои адабист. Дар маколахои вай масъалахои назми с-хои 30-и точик ва муносибати он бо тачрибаи эстетикии халкхои дигар, хусусиятхои адабиёти реалистии рус ва робитаи он бо дастовардхои шеъри романтикии Гарб нихоят аник, тахлил шудаанд. 10. аз як тараф, анъанахои романтикии Байрон, Шиллер, Гёте ва Пушкин, аз тарафи дигар, ба ин созгор омадани поэтикаи назми рус ва образнокии шеъри точикро ба тадкик гирифта, дар ин замила сифати он нави адабиёти советии точикро тавзех додааст («Пушкин ва Байрон», 1937; «Боз якчанд калима дар бораи поэзияи имрузаи мо», 1940; «Барои поэзияи муносиби давр», 1940; «Бахр дар пиёла», 1940; «Шеърхои зиддифашистии Лохути», 1941; «Шоири гениалии рус», 1941 ва г.). Муаллифи маколахои «Баъзе фикрхо дар бораи забони адабии точик» (1939), «Сифатъои дурахшонтаринн назми Рудаки» (1940); «Тадкикот ва кашфиёт» (1941); «Лермонтов ва поэмаи у «Полис» (1941). Тадкикоташ оиди Низомии Арузии Самарканди нотамом мондааст.

Як хиссаи калони эчодиёти Ю. аз тарчумаи бадеи фарохам омадааст, Шеъру достонхои А. С. Пушкин («Бандии Кавказ», «Бародарони гораттар» ва г.), М. Лермонтов («Иблис», «Ба вафоти шоир» ва г,), масалхои И. А. Крылов («Хар ва булбул», «Баргхо ва решахо»), шеърхои Т. Г. Шевченко («Днепр»), В. Маяковский, асархои В. Катаев ва диг. аз тарафи у ба точики тарчума ва нашр гардидаанд. Ю. дар чараёни тарчума аз эчодиёти А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Маяковский ва диг. таъсири зиёде бардоштааст. Шеърхо ва баъзе маколахои танкидии у ба забони руси ва дигар забони халкхои Европа тарчума шудаанд. Бо ордени «Ситораи Сурх» (1944) ва медали «Барои мухофизи Ленинград» (1943) сарфароз гардидааст. Голиби аввалин давраи Конкурси умумииттифокии ба номи Н. Островский (1967). Аз с. 1939 узви ИН СССР.

Ос.: Мачмуаи шеърхо, Д. 1962; Рохи нотамом, кит. 1—2, Д., 1987; Слово о жизни, М., 1077.

Ад..- Маъсуми Н., Шоири чанговар, дар кит.: Адабиёти советии точик, Сталинобод, 1954; Мирзозода X.. Хабиб Юсуфи Сталинобод. 1960; История советской многонациональной литературы, т. 2, кн. 2, М.. 1972.

Х. Шодикулов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.