Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАБОШИР

ТАБОШИР

ТАБОШИР, тавохшир, табахшир, 1) хайзарон, хайзурон, хизурон, найи хинди, бомбу, бомбук (Ваmbusa, Ваmbusaseae), гиёххои хушадори дарахтмонандеро гуянд, ки бо номи хайзурон маъмуданд. Асосан дар нокияхои тропики ва субтроппкии Осиё, Африка ва Америка меруянд;

taboshir

2) як навъ моддаи сафедест, ки аз магзи найи хинди — хайзурон гиранд ва он хусусияти давои дорад. Дар тибби Шарк хеле маъмул аст. Закариёи Рози, Абурайхони Беруни, Абуалии Сино ва дигарон давоии Табоширро тавсиф кардаанд. Масалан, ба акидаи Оино,Табошир хокистари бехи хизурон (Ваmbusa аrundinaseae) буда, ба дил таквият мебахшад, хафакон, илтихоби меъда ва варами чашмро рафъ мекунад, кай ва исхолро боз медорад, гаму андухро бархам мезанад. Табошир аз ишкор, охак, силисий, каме моддахои органики ва гайра иборат аст; 3) бур, як навъ охаксанги нарми сафедро гуянд, ки аз порахои хурд-хурд ва окелстхои яклухти микроорганизмхо — кокколитхо (70—90%), решапойхо, фораминтефаршхо (1— 20%)ва гайра иборат аст. Бур табии ва сунъи мешавад; асосан аз карбонати калсий таркиб ёфтааст. Дар таркиби бур баъзан садафаки нармбаданхо, устухони хорпушти бахри ва гайраро низ дидан мумкил аст. Таркиби химиявии бур: СаО (50—55%), СО2 (40—43%), Ге2О3 + ГеО (0,02— 0,7%), А120З (0,2-0,4%), MgО (0,2- 0,3%), SiO2 (0,5—0,6%).
Бурро дар саноат барои истехсоли семент, охак, инчунин резин, пластмасса, лок, сода, шиша ва гайра истифода мебаранд. Бури соф дар тиб ва атриёт ахамияти калон дорад.
М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …