Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри ПОРТ-ОФ-СПЕЙН

Шахри ПОРТ-ОФ-СПЕЙН

ПОРТ-ОФ-СПЕЙН (Port of Spain), пойтахти Республикаи Тринидад ва Тобаго. Дар шимолу гарби чазираи Трини­дад вокеъ гаштааст. Ахолиаш бо атрофи шахр 280 хазор нафар (1978). Маркази сиёси, иктисоди ва мадании мамлакат. Иклимаш субэкватори; харорати миёнаи январ 25,8°, июл 2С,7°С: боришоти солона 1910 мм. Порт-оф-Спейт— бандари бахри, маркази тичорату наклиёт. Аэропорташ дорои ахамияти байналхалкист. 3аводхои калони коркарди нефт, химияи нефт, саноати хуроквори (махсусан истехсоли ром), чубгари, бофандаги, корхонахои киштисози ва таъмири кишти дорад. Ба хорича махсулоти нефт, асфалт, канд, мевахои ситруси, кахва мебарорад. Дар шахр Шуъбаи тринидадии университети Вест-Индия, институти политехники, Ассотсиатсияи технологхои истехсоли канд ва дигар чамъиятхои илми, Китобхонаи марказии Тринидад ва Тобаго, Китоб­хонаи оммавии Тринидад, Архиви милли, Музеи милли ва нигористони бадеи мавчуданд.

pos

Порт-оф-Спейт дар чои Конкерабия ном дехаи кадимаи хиндиходо бунёд ёф­тааст. Солхои 1783—1797 шахри асосии мустамликаи Испания дар чазираи Три­нидад буд. Соли 1797 чазира ба тасарруфи Британияи Кабир гузашт. Аз соли 1962 Порт-оф-Спейт— пойтахти давлати мустакили Тринидад ва Тобаго.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …