ПОРТ-О-ПРЕНС (Port-au-Prince), пойтахти Республикам Гаити. Маркази сиёси, иктисоди ва мадании мамлакат. Дар кисми гарбии чазираи Гаити вокеъ гаштааст. Иклимаш тропики; харорати миёнаи январ 25°С, июл 28°С; боришоти солона 1355 мм. Ахолиаш бо атрофи шахр 494 хазор нафар (1978). Бандари калови бахрии мамлакат, узели рохи охан, маркази нохияи кахва, найшакар ва пахтакори. Саноати хуроквори (асосан канд), бофандаги, семент ривоч ёфтааст. Дар Порт-о.-Пренс Университети давлатии Гаити, 3 мактаби олии техники, Консерваторияи милли, Институти тадкикоти илмии этнография, Китобхонаи милли, Музейи милли, Музейи халкхои Гаити, Маркази бадеи мавчуданд.
Шахрро соли 1749 франсавихо бунёд кардаанд. Соли 1770 маркази маъмурии мустамликаи Сан-Домингон Франсия гардид. Охири асри 18 ба маркази муборизаи зидди мустамликадори табдил ёфт. Аз 1 январи 1S04— пойтахти давлати мустакили Гаити.