Маълумоти охирин

СУЗАН

suzan

СУЗАН, олати фулодин борику нугтезеро гуянд, ки дар дузандагию истехсолоти трикотаж, тиб, полиграфия ва гайра истифода мешавад. Сузанхои дузандагии мошин ва дасти мавчуданд. Дар мошинхои дузандаги Сузанхои цилиндршакли нугашон конусиистифода мешаванд. Баъзан Сузанхои махсусро истифода мебаранд, ки тавассути онхо дар чарм, клеёнка, матоъхои гафс ва гайра сурохихои гуногуншакл (байзашакл, ромбшакл, серуя, мураббаъ ва гайра) хосил мекунанд. Сузанхоро рост ва качнуг месозанд, диаметри онхо аз 0,25 то 4,0 мм мешавад. Сузанхо аз руи ракамашон фарк мекунанд (масалан, № 60— диаметраш 0,60 мм, № 120 — диаметраш 1,20 мм). Сузанхои дасти вобаста ба дарози ва диаметр ракамхои гуногун доранд. Масалан, Сузанхои аз № 1 то № 9 аз 0,6 то 1,0 мм гафси ва то 50 мм дарози доранд. Пештар Сузанхоро сузангарон тайёр мекарданд. Холо дар СССР ЯКЧАНД заводхои сузансози мавчуданд (масалан, заводисузансозии Колюбакинск дар вилояти Москва). Дар тиб барои духтани чокхои чаррохиСузанхои гуногун истифода мешаванд. Сузани кандакори милаи борики фулодиест, ки нугаш шакли муайян дошта, ба дастаки чубин шинонда мешавад. Сузани патефон низ якеаз навъхои маъмули Сузан мебошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.