Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУХЭ-БАТОР Дамдины

СУХЭ-БАТОР Дамдины

sukhe-bator-damdin

СУХЭ-БАТОР Дамдины (2. 2. 1893, Цэцэн Хана, холо аймоки Сухэ-Батор —22. 2. 1923, Урра, холо Улан-Батор), ходими сиёси ва давлатии Мугулистон, асосгузори Партияи халки-революционии Мугулистон (ПХРМ), пешвои революсионерхои халкии соли 1921 дар Мугулистон. Аз оилаи камбагал. Дар чавониаш галабон буд. Соли 1912 ба армияи феодалию теократии Мугулистон даъват шуд, командириэскадрон буд. Дар чангхои зидди милитаристони Хитой ва дастахоирохзани агенти Япония Бабучаба борхо иштирок намуд. Соли 1920 ба ташкилоти революционие, ки дар натичаи бо кружоки Чойбалсан муттахид шудани кружоки у ташкил ёфта буд, рохбари кард. Ин ташкилот ба ПХРМ (1921) асос гузошт. Аз 13 марти 1921 аъзои Хукумати муваккатии халки, вазири харби ва сарфармондехи Армияи халкии Мугулистон. Армияи халки бо рохбарии Сухе-Батор, бо кумаки кисмхои Армияи Сурхи совети кушунхои гвардиячиёни сафеди Унгернро торумор кард. Аз 10 июли 1921 Сухе-Батор аъзои Хукумати халки, вазири харби шуд. 5 ноябри 1921 дар имзо кардани шартномаи дустии байни РСФСР ва Мугулистон иштирок карда бо В. И. Ленин вохурд. Бо ордени советии Байраки Сурх мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.